Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Кореяи Ҷанубӣ Тоҷикистонро аз роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон -2019 маҳрум кард (ВИДЕО)

522
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии чорякниҳоӣ аз тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 1 – 0 шикаст хӯрд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ҷеон Се Ҷин, бозигари Кореяи Ҷанубӣ дар дақиқаи 44-уми бозӣ голро вориди дарвозаи Тоҷикистон карда, барои тимаш баромад ба марҳилаи нимниҳоиро таъмин кард.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар пайи шикаст аз идомаи сабқат дар мусобиқаи Ҷоми Осиё – 2018 маҳрум гардид.

Чор дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё ба мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон – 2019 миёни ҷавонони то 20-сола, ки дар Поланд дар назар аст, роҳхат мегирад.

Дар арафаи ин бозӣ Мубин Эргашев, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон,  гуфт, ин бозӣ оддӣ нахоҳад буд, вале тимаш тамоми нерӯро равона мекунад, то ба даври баъдӣ барояд.

“Бори дуюм дар таърихи футболи Тоҷикистон аст, ки мунтахаби ҷавонони кишвар аз гуруҳ ба даврҳои ниҳоӣ баромадааст. Акнун бояд талош кунем, ки ба даври дигар бароем, чун дар миён роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон – 2019 мебошад. Рақиби мо Кореяи Ҷанубӣ, яке аз пурқувваттарин тимҳои Осиё мебошад, бале осон нахоҳад буд, аммо ин футбол аст”, - изҳор дошт сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон.

Қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё, Кореяи Ҷанубӣ ва Шимолиро шикаст дода, соҳиби роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон – 2019 шуданд.

522