Милисаҳо соҳиби "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе-2018" шуданд

80
Дар мусобиқаи оид ба дарёфти "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе-2018" оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар майдони хурди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи Вазорати корҳои дохилӣ пирӯз гардид

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Мусобиқа оид ба дарёфти "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе-2018" оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар майдони хурди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст хабаргузории "Ховар".

Дар мусобиқаи финалӣ бозӣ байни дастаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва "Вавилон" тунду тез сурат гирифта, ба фоидаи Вазорат анҷом ёфтааст.

Манбаъ афзудааст, ки вохӯрӣ  дар сатҳи баланд  баргузор гардида, ҳарду даста кӯшиш намуданд ҷойи авввалро соҳиб шаванд. Дарвозабони дастаи Вазорати корҳои дохилӣ Умар Раҳимов малакаю маҳорати  хуб нишон дода, ба дарвозаи худ ягон гол сар надод. Бо ҳамин бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.

Тибқи рӯзномаи бозӣ, силсилазарбаҳо таъйин гардида, дастаи ВКД бо ҳисоби 3:1 дастаи «Вавилон»-ро мағлуб намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид.

Ҳамин тариқ, ҷойи дуюмро дастаи "Вавилон" ва ҷойи сеюмро дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуданд.

Бояд зикр кард, ки  дар маросими тантанавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Тоҷиддин Саидзода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори МД "Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе" Раҳматшо Камолов, Раиси Федератсияи футболи Душанбе Анваршо Мирзоев иштирок намудандаанд.

Дар ҷамъбаст ба ғолибон барои ҷойи аввал 24 000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 16 000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 12 000 сомонӣ тақдим гардидааст.

 

80
Барчаспҳо:
ғолиб, Вазорати корҳои дохила, футбол, Тоҷикистон