Мунтахаби занони футболбози Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Шикасти тими занони Тоҷикистон аз Узбакистон бо ҳисоби 0-11 ва сабқат бо Эрон

45
(Таҷдидшуда 16:08 26.11.2018)
Мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон дар даври дуюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA-2018, аз тими мизбон - мунтахаби бонувони Узбакистон бо ҳисоби 0:11 мағлуб шуд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар бозии дигар мунтахаби бонувони Эрон ба дарвозаи тими Афғонистон 6 голи беҷавоб ворид намуд.

Дастаи тими бонувони футболбоз, акс аз бойгонӣ
© Федерация футбола Таджикистана

Манбаъ афзуд, ки баъда аз ду давр дар ҷадвали мусобиқа дастаи Узбакистон бо 6 хол садрнишин аст.

“Эрон, ки як бозӣ анҷом дод ва Тоҷикистон бо 3-холӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм мебошанд. Қирғизистону Афғонистон бе хол дар зинаҳои чоруму панҷум қарор доранд”, - омадааст дар иттилоия.

Тоҷикистон дар даври сеюм озод буда, дар даври чорум 29 ноябр бо тими бонувони Эрон вомехӯрад.

Манбаъ афзуд, ки дар асоси низомнома, чемпионати CAFA миёни бонувон тибқи низоми даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Ғолиби чемпионат дастае мегардад, ки холи бештар ба даст меоварад.

45