Мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Бонувони футболбози тоҷик дар Тошканд медалҳои биринҷӣ гирифтанд

24
(Таҷдидшуда 16:14 02.12.2018)
Мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиёи Марказӣ-2018 (CAFA) соҳиби ҷойи сеюм ва медалҳои биринҷӣ гардид

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки дар Тошканд сурат гирифт, тими Узбакистон бо пирӯзӣ дар ҳамаи бозиҳо 12 хол ва ҷойи аввал гирифт.

Мақоми дуюмро бонувони футболбози Эрон гирифтаанд, ки 29 ноябр тими Тоҷикистонро бо ҳисоби 4-1 шикаст доданд.

Бонувони Тоҷикистон дар пайи пирӯзӣ бар Афғонистон бо ҳисоби 5-0 дар маҷмуъ 6 хол ба даст оварда, медалҳои биринҷии мусобиқаро гирифтанд.

Қирғизистон бо 3 хол дар мақоми 4 ва Афғонистон бидуни дарёфти холе дар радаи охирон ҷой гирифт.

24

Рабаданов: барои муолиҷаи Абдулманап хостем ба раисҷумҳур муроҷиат кунем, аммо дер шуд

890
(Таҷдидшуда 17:45 03.07.2020)
Дӯсти хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо, Рамазан Рабаданов дар шарҳи фавти падар ва мурабии Қаҳрамони UFC дар вазни сабук гуфт, ки "хостем ҳатто ба раисҷумҳур низ муроҷиат кунем, аммо аллакай дер шуд"

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ба изҳори Рамазон Рабаданов, шореҳи варзишӣ ва дӯсти қарини хонаводаи Нурмуҳаммедовҳо, Абдулманап ба сактаи қалбӣ ва мағзи сар гирифтор шуда буд.

"Сактаи қалбиро пизишкон тавонистанд барқарор кунанд, вале сактаи мағзи сарашро муолиҷа карда натавонистанд. Мутаасифона ӯ аз ҳолати беҳушӣ (ком) набаромада, ҷон дод", - бо таассуф афзудааст Рабаданов дар сӯҳбат бо мухбири расонаи "Чемпион".

Ӯ аҳволи Абдулманапро ниҳоят вазнин арзёбӣ кард. Ба гуфтаи Рабаданов ҳатто пешниҳод шуд, ки барои муолиҷаи мураббии варзида ба худи раисҷумҳур муроҷиат намоем, "аммо аллакай бисёр дер шуда буд", - таъкид намуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки падари Ҳабиб Нурмуҳаммедов қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта дар вазни сабукро санаи 25 - уми апрел бо нишонаҳои маризии коронавирус ба яке аз дармонгоҳҳои Доғистон бистарӣ намуданд.

Маълум шуд, ки Ҳабиб барои як баромади оммавияш чанд пул мегирад

Зимнан, бо бад шудани вазъи саломатӣ, Абдулманапро рӯзи 3 - юми май ба шаҳри Маскав интиқол доданд. 

Он замон Рамазон Рабаданов гуфта буд, ки ҳудуди 75 дарсади шушҳои Абдулманап аз коронавирус сироят шудаанд.

Имрӯз, 3 - юми июл бо гузашти беш аз 2 моҳи маризӣ, Абдулманап Нурмуҳаммедов дар синни 58 солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт.

890
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Хабиб Нурмагомедов, боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе

Маълум шуд, ки Ҳабиб барои як баромади оммавияш чанд пул мегирад

556
(Таҷдидшуда 14:43 03.07.2020)
Алӣ Абдул-Азиз, мененҷери Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, қаҳрамони UFC барои як баромади оммавӣ чанд пул мегирад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ба гуфтаи Алӣ Абдул-Азиз, ҳазинаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов барои суханронӣ дар назди мардум ҳадди аққал 300 ҳазор доллар дар як рӯз аст.

Ин нуктаро менеҷери размикор дар шарҳи матлаби нашрияи Forbes, ки ҳазинаи Ҳабибро барои як баромади оммавӣ 78 ҳазор доллар гуфт.

"Падарам маро мешиносад, аммо ҳарф намезанад": Ҳабиб вазъи Абдулманапро шарҳ дод

"Ин каме маълумоти нодуруст аст. Музди ӯ барои суханронии оммавӣ дар як рӯз ҳадди аққал 300 ҳазор аст”,-гуфт Абдeл-Азиз.

Қаблан падари размикор низ дар бора дороиҳо ва даромади писараш аз муҳорибаҳо гуфта буд.

Ба гуфтаи ӯ калонтарин маблағро Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар рақобат бо варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ба даст овардааст.

"Дороии ӯ наздики 100 миллион доллар аст. Дар ҷаҳон одамоне ҳастанд, ки дороияшон аз ин бештар аст", - гуфт падари Ҳабиб.

Бояд қайд кард, ки моҳи июли соли 2019 рӯзномаи Forbes Ҳабибро миёни доротарин ашхоси аз 40 сола поёни Русия, дар мақоми аввал ҷой дода буд.
Ҳабиб Нурмуҳаммадов 28 бор аз рӯи муҳорибаҳои омехта ба октагон баромадааст ва боре ҳам мағлуб нашудааст.

Нунздаҳ рақобати Ҳабиб таҳти сарпарастии UFC баргузор шудааст. Рақобати охирин бо Дастин Поре ба Ҳабиб калонтарин музд - 6 миллион доллар овард. Ин бештарин ҳаққи музд дар фаъолияти Ҳабиб Нурмуҳаммадов мебошад.

556

Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID-19 дар Тоҷикистон

0
Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 51 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавируси навъи COVID-19 ошкор гардид

Дар давоми 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 51 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 4 июл ба 6159 нафар расид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, то имрӯз дар кишвар 4809 нафар ё худ 78,1%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 220 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 47 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — омадааст дар хабарнома.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Вазорати беҳдошт мегӯяд, дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ беш аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

0
Барчаспҳо:
вируси нав, фавт, омор, Тоҷикистон