Дастаи яккачини футзали Тоҷикистон аснои тамрин дар Кувайт

Тоҷикистон дар футзал аз Олмон пештар будааст

85
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар раддабандии ҷаҳонии ин навъи варзиши хело монанд ба футбол чор зина боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 24 дек - Sputnik. Мувофиқи раддабандии ҷаҳони оид ба футзал Тоҷикистон дар ҷои 61 қарор гирифтааст, пештар дар ҷои 65 қарор дошт.

Фаъолияти даста футзали Тоыикистон то имрӯз 889 холро соҳиб гаштааст, дар ин рӯйхат тими Тоҷикистон дар паҳлуи Латвия ва Туркия қарор дорад. Ду қатор поёнтар аз Тоҷикистон дастаҳои Қатар ва Олмон қарор доранд. Дар ин ҳол дастаи Тоҷикистон дар ин рӯйхат аз тимҳои Гондурас, Албания, Иордания, Чин, Куриё ва Юнон болотар аст.  

Ба сегонаи аввали раддабандӣ оид ба футзал Бразилия, Испания ва Русия ворид шудаанд. Дар ин раддабандӣ 109 кишвари дунё ба қайд гирифта шудаанд.

Футзалбозони тоҷик миёни кишварҳои Осиё мисли пештара дар ҷои 12 қарор гирифтаанд. Дар ин раддабандӣ ба панҷгонаи аввали кишварҳои Осиё Эрон, Япония, Таиланд, Узбакистон ва Қувайт ҷой гирифтаанд.

Миёни кишварҳои Осиёи Миёна дар ҷои аввал Қазоқистон, дар ҷои дуюм Узбакистону Қирғизистон, дар ҷои сеюм Тоҷикистон ва дар ҷои чорум Туркманистон қарор доранд.

85
Барчаспҳо:
ғолиб, раддабандӣ, футзал, Тоҷикистон