Рашид Раҳимов, акс аз бойгонӣ

Раҳимов: ҳамчун зода ва парвардаи Тоҷикистон амалишавии орзуҳои мардумро таманно дорам

996
(Таҷдидшуда 15:22 29.12.2018)
Рашид Раҳимов, футболбози маъруфи тоҷик, сармураббии феълии тими “Ахмат”-и Чеченистон таманниёташро ба варзишгарон ва мардуми Тоҷикистон дар Соли нав баён кард

Раҳимов гуфт, ҳамчун зода ва парвардаи Тоҷикистон, ки ин ҷумҳуриро Ватани худ медонад, таманно дорад, ки дар кишвар футбол дар соли нав қадаме ба пеш гузорад.  Ӯ хостори дастгирии бештари давлатии футбол ва роҳандозии низоми самаранок дар ин бахш шуд.

“Таманно дорам, ки варзишгарон пеш раванду аз дастовардҳояшон болида бошанд. На танҳо футбол, балки рушди дигар намудҳои варзиш, ки дар ҷумҳурӣ дар сатҳи хуб қарор доштанд, орзу дорам. Рушди варзиш омили солимии миллат мебошад”, - изҳор дошт Раҳимов.

Ӯ дар мавриди таманниёташ ба мардуми Тоҷикистон афзуд, ки ҳар яки мо ҳадафу орзуҳои худро дорем ва ман мехоҳам орзу ва ҳадафи ҳама ҷомеаи амал пӯшанд.

996