Дав, акс аз бойгонӣ

Тақдими унвонҳои навбатӣ ба 42 варзишгару мураббии Тоҷикистон

73
(Таҷдидшуда 13:34 13.01.2019)
Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба 42 мураббӣ ва варзишгароне, ки меъёрҳои “Номзад ба устоди варзиш”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ”, “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро иҷро намудаанд, шаҳодатномаҳо дод

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 4 нафар – Икромзода Баракатулло, Аҷам Нуриддинов, Муҳаммадҷон Холиқов, ҳар се аз намуди куштии миллӣ ва Фаррух Шоев аз намуди каратэ-киёкушинкай бо унвони “Номзад ба устоди варзиш” сазовор дониста шуданд.

Тибқи иттилои Кумита, 35 нафар – Асадбек Фатоев, Сафаралӣ Давлатов, Меҳрдод Аҳёев, Сиёвуш Машрабов, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов,  аз намуди каратэ, Гулмира Исроилова, Сунатулло Юнусзода - бокс, Ардашер Гадоев -шиноварӣ, Муҳаммадҷон Баротов, Довуд Соҳибназаров, Одилҷон Сафаров  - куштии миллӣ, Миралӣ Мустонов – куштии юнонӣ-румӣ, Сулаймони Ҷамшед, Мирзоҷамил Рамазонов - ҷудо, Синои Маҳмадулло, Ҳабибуллои Саъдулло, Некрӯз Зуҳуров - қайиқронӣ, Абдурауф Мусоев, Гулсунбӣ Шарифова - варзиши сабук, Фармон Зоҳирбеков, Эроншоҳ Нағзибеков, Тоҳирҷон Қурбонов, Эҳсон Одинаев, Сардемак Марадов, Алишер Ҷабборов, Матлуба Маҳшулова, Карашма Камолова -волейбол, Анушервон Раҳимов - камонварӣ, Амришер Собиров - дастхобонӣ, Сорбон Азизов, Омина Зарифова, Умеди Қурбонназар, Шоҳзода Тоҷибоева -таэквандо ИТФ, Комрон Нарзуллоев -таеквондо WT, Абдуҳаким Ҳақбердиев - вазнбардорӣ бо унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Сафия Исмоилова -таэквандо ИТФ,  унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ”-ро гирифтанд.

Ба  2 нафар – Баҳодур Каримов аз навъи шашка ва Абдулло Наботов аз ҷудо унвони “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”  тақдим гардидааст.

Манбаъ афзуд, ки зимни тақдими шаҳодатномаҳо Ризо Назарзода, ноиби аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳозиринро бо гирифтани унвонҳои навбатӣ шодбош гуфта, пирӯзӣ  таманно кардааст.

73