Медаль, архивное фото

Суғд: варзишкорони вилоят дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори 52 медали тилло шуданд

37
(Таҷдидшуда 10:03 14.01.2019)
Варзишкорони вилояти Суғд соли 2018 дар мусобиқоти байналмилалие, ки иштирок намуданд сазовори 52 медали тилло, 31 медали нуқра ва 55 медали биринҷӣ гаштанд

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Дар соли 2018 наздик ба 300 нафар варзишкорони вилояти Суғд  дар 52 мусобиқоти байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 52 медали тилло, 31 медали нуқра ва 55 медали биринҷӣ шуданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти вилояти Суғд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин давра варзишкорони вилоят инчунин дар 113 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 714 медали тилло, 665 медали нуқра ва 847 медали биринҷӣ гардиданд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон соли гузашта дар миқёси вилоят дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 1093 мусобиқаҳо бо фарогирии 181 ҳазор нафар ҷавонон, аз ҷумла 62,8 ҳазор нафар бонувон гузаронида шудааст.

37
Барчаспҳо:
тилло, медал, варзишкор, Суғд, Тоҷикистон