Нафаре дар кӯча, акс аз бойгонӣ

Нигаронӣ аз ворид нашудани чеҳраҳои нав ба майдонҳои Тоҷикистон ва қабули қарори нав

742
Дар ҷаласаи муштараки Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон аз тағйир наёфтани ҳайати тимҳои мунтахаби кишвар тайи солҳои охир нигаронӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, масъулин далели тағйир наёфтани ҳайати мунтахабҳои кишварро ба он рабт доданд, ки шояд варзишгарони болаёқат дар минтақаҳо аз назарҳо дур мемонанд.

Бо назардошти ин тасмим гирифта шудааст, ки аз ин пас барои иштирок  дар чемпионати ҷумҳурӣ варзишгар бояд дар мусобиқаи интихобии ноҳиявӣ ва вилоятӣ ё минтақавӣ иштирок кунад.

“Ғолибони мусобиқаи ноҳиявӣ ба мусобиқаи вилоятӣ/минтақавӣ ва ғолибони вилоятӣ ба чемпионати ҷумҳурӣ роҳхат мегиранд”, - таъкид кардаст Кумита.

Дар ин робита раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш “Дастурамали марҳила ба марҳила ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои расмии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифӣ намуд, ки баргузории мусобиқаҳо, чемпионатҳои ҷумҳурӣ, иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, таҳияи тақвими ягонаи ҷумҳуриявии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо ба танзим медарорад.

Дар асоси дастурамал танҳо чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишие, ки ба нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ворид гардидаанд, расмӣ эътироф мешаванд.

742