Тими олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии “Чор миллат” дар Қатар пирӯз шуд

87
(Таҷдидшуда 12:03 22.01.2019)
Дастаи футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи байнулмилалии “Чор миллат” дар Қатар, ки санаи 21 январ ба итмом расид, пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бино бар иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо вуҷуди бартарияти зиёд дар вохӯрии охир, футболбозони тоҷик аз тими Кувейт бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст хӯрданд. Дар бозии дигар тими Эрон мизбони мусобиқа – дастаи Қатарро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб кард.

Ҳамин тавр, дастаи футболбозони Тоҷикистон бо дарёфти 6 хол аз 9 имтиёзи имконпазир ғолиби мусобиқаи “Чор миллат” дониста шуд. Дар ду даври аввал футболбозони тоҷик бар дастаҳои Эрон (2:1) ва Қатар (1:0) пирӯз шуданд.

Зинаи дуюмро бо 6 имтиёз дастаи Эрон, зинаи сеюмро бо 3 имтиёз тими Қатар ва мақоми чорумро бо 3 имтиёз тими Кувейт ишғол намуд.

Дар мусобиқаи мазкур, ки аз 15 то 21 январ баргузор шуд, мунтахабҳои Тоҷикистон, Қатар, Эрон ва Кувейт ширкат варзиданд.

Ёдрас мешавем, ки иштирок дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-23) ба мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки аз 22 то 26 март дар Тошканд баргузор мешавад.  Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои баромадан ба марҳилаи финалии чемпионат дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) бозӣ хоҳад кард.

87
Барчаспҳо:
мусобиқа, Қатар, тими мунтахаби ҷавонон, футбол, Тоҷикистон