Тими наврасони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Пирӯзии наврасони Тоҷикистон бар тими Маҷористон: дар навбат Дания ва Норвегия

123
(Таҷдидшуда 20:18 11.02.2019)
Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон – “U-17” бозии аввали санҷишиашро муқобили тими наврасони дастаи “Ференсварош”-и Маҷористон бо ғалаба анҷом дод

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, вохӯрӣ 9 феврал дар доираи ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Туркия, дар майдони футболи маҷмааи варзишии “Беллис Резорт”-и шаҳри Белек баргузор шуд.

Манбаъ афзуд, тими Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов, бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардиданд.  Ҳар ду голро дар ҳайати тими наврасони Тоҷикистон Рустам Соиров ба ҳадаф расонд.

Бозии дуюми санҷишии тими наврасони Тоҷикистон 13 феврал ба нақша гирифта шудааст. Футболбозони навраси тоҷик дар ин рӯз муқобили ҳамсолонашон аз дастаи “Академикс Болдклуб Галадсакс”-и Дания вориди майдон мешаванд. Дар бозии дигари санҷишӣ тими наврасони Тоҷикистон 18 феврал бо тими ҷавонони дастаи “NTG Конгсвингер” (U-19) аз Норвегия вомехӯрад.

Ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Анталия як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба чемпионати ҷаҳон-2019 мебошад, ки 5-27 октябр дар Перу баргузор мешавад.

123