Национальная сборная Таджикистана провела второй товарищеский матч против сборной Омана

Ду ғалабаи пайдарпайи тими “Истиқлол”

159
Баъди бозгашт аз вохӯрии муқаддамотии интихобии Лигаи чемпионати Осиё бо АГМК-и Узбакистон “Истиқлол” ширкати худро дар мусобиқаи анъанавии Ҷоми ФФТ идома медиҳад

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе рӯзҳои истироҳат ду бозии мавқуфгузоштаи худро барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дастаҳои КМВА “Помир” ва  “Шоҳмансур” гузаронида, ғалаба ба даст овард, иттилоъ додааст Федератсияи Футболи Тоҷикистон.

Тавре сомонаи расмии клуб хабар медиҳад, баъди бозгашт аз вохӯрии муқаддамотии интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё бо АГМК-и Узбакистон  “Истиқлол” ширкати худро дар мусобиқаи анъанавии Ҷоми ФФТ идома медиҳад.

Дар вохӯрии аввал истиқлолиҳо ба дарвозаи КМВА “Помир” панҷ голи беҷавоб заданд. Ду тӯбро Комрон Турсунов ба нишон расонид.

Дар вохӯрии дуюм ба Алишер Ҷалилов муяссар гардид, ки ба дарвозаи дастаи “Шоҳмансур” 2 тӯб занад.

Ҷоми Федератсияи Футболи Тоҷикистон:

Бозии даври 1-ум

КМВА “Помир” — “Истиқлол” — 0:5

Даври 2-юм

“Истиқлол” — “Шоҳмансур” — 5:2

Бозиҳои боқимонда:

Даври  3-юм

19 феврал (сешанбе)

Оғоз соати 14:00

“Регар-ТадАЗ” – “Истиқлол”

 Даври 4-ум

20 феврал (чоршанбе)

Оғоз соати 14:00

“Истиқлол” – “Кӯктош”

Даври 5-ум

22 феврал (ҷумъа)

Оғоз соати 14:00

“Душанбе-83” – “Истиқлол”

 Даври 6-ум

23 феврал (шанбе)

Оғоз соати 14:00

“Истиқлол” – “Ваҳдат”

159
Барчаспҳо:
тим, истиқлол, футбол, Тоҷикистон