Матч Хосилот - Худжанд, архивное фото

“Хуҷанд” дар даври плей-оффи Ҷоми КФО бо “Аҳал” бозӣ мекунад

33
Ҳарифи барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон – дастаи футболи “Хуҷанд” дар бозии плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2019 (КФО) маълум шуд

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Хуҷандиҳо барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 бо барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Туркманистон – дастаи “Аҳал” бозӣ мекунанд, хабар медиҳад Кумитаи олимпии миллии Тоҷикистон.

Дар даври муқаддамотӣ “Аҳал” дар ду дидор бар тими “Алай”-и Қирғизистон (2:1, 1:0) ғалаба кард.

Бозиҳои плей-оффи Ҷоми КФО-2019 миёни дастаҳои “Аҳал” ва “Хуҷанд” 6 ва 13 март доир мегардад. Бозии аввал дар Ашқобод, бозии ҷавобӣ дар Хуҷанд сурат мегирад.

Ғолиби ин ҷуфт ҳаққи иштирок дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар минтақаи Марказиро пайдо ва дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон), “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ мекунад.

33