Тими “Истиқлол” маротибаи панҷум соҳиби “Ҷоми ФФТ” гардид

© ФФТДушанбинский "Истиклол" в пятый раз в своей истории выиграл Кубок Федерации футбола Таджикистана
Душанбинский Истиклол в пятый раз в своей истории выиграл Кубок Федерации футбола Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чемпиони чандкаратаи кишвар дастаи “Истиқлол” аввалин ҷоизаи худро дар мавсими футбол–2019 ба даст овард

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии финалӣ дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 5 бар 2 шикаст дода, барандаи панҷкаратаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Национальная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
“Куктош” ё “Истиқлол”: сабқати ниҳоӣ барои “ҶОМИ ФФТ-2019”

Бозии мазкур имрӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир шуд.

Чемпиони чандкаратаи кишвар дастаи “Истиқлол” аввалин ҷоизаи худро дар мавсими футбол–2019 ба даст овард.

Голҳоро аз ҳайати дастаи “Истиқлол” Искандар Ҷалилов, Алишер Ҷалилов, Муҳаммаҷон Раҳимов, Абдурасул Раҳмонов, Аҳтам Назаров ва  аз ҳайати дастаи “Кӯктош” Меҳроҷиддин Музаффаров ва  Шериддин Бобоев ба самар расонданд.

Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (Ҷоми ФФТ)   — мусобиқаи бонуфузи футбол дар мамлакат аст, ки онро   Федератсияи футболи Тоҷикистон аз соли 2012 инҷониб  баргузор менамояд.  Қаблан он мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол ба хотираи Рустам Долтабоев ном дошт.  Ҷоми ФФТ аз рӯи анъана ҳар сол дар моҳҳои январ-март, дар арафаи Чемпионати Тоҷикистон  доир карда мешавад.

Дар ин муддати дастаи “Истиқлол” аз ҳама бештар – 5 маротиба (солҳои 2014, 2015, 2017, 2018, 2019)  ба гирифтани  Ҷоми ФФТ  шарафёб шудааст. “Регар-ТадАЗ” ду маротиба (солҳои 2012 ва 2016) ва як маротиба дастаи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат  (соли 2013 ) ғолиби ин мусобиқа гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0