Далер Кузяев, акс аз бойгонӣ

Далер Кузяев шомили мунтахаби Русия дар бозиҳои интихобӣ барои Ҷоми Аврупо шуд

108
Ҳайати мураббияҳои тими мунтахаби Русия Далер Кузяевро ба феҳрасти бозигароне шомил кардааст, ки дар даври интихобӣ барои Ҷоми Аврупо сабқат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Станислав Черчесов, сармураббии тими мунтахаби Русия, 26 бозигар, аз ҷумла нимҳимоятгар Далер Кузяевро ном бурд, ки дар даври интихобӣ барои Ҷоми Аврупо ҳунарнамоӣ мекунанд, хабар додааст РИА Новости.

Дар ҳайати эълоншуда мунтахаби Русия бо Белгия - 21 март ва  Қазоқистон - 24 март қувваозмоӣ мекунад. Бозиҳо дар Брюссел ва Остона баргузор хоҳанд шуд.

Роҳ ёфтани Далер Кузяев ба ҳайати ҷадиди мунтахаб дар ҳолест, ки ӯ аз авлоди маъруфи Кузяевҳо, футболбозҳои тоҷикистонӣ мебошад. Далер писари Адҳам ва набераи Кабир Кузяевҳо, аз футболбозони Тоҷикистони шӯравӣ мебошад. Бобояш дар дастаи “Энергетик”-и Душанбе ва падараш дар тими “Шодмон” ва “Вахш”-и Тоҷикистон бозӣ кардаанд. Далер Кузяев феълан дар дастаи “Зенит” ва тими мунтахаби Русия бозӣ мекунад.

Ӯ даъватҳои қаблӣ ба тими мунтахаби Тоҷикистонро рад карда, изҳор дошта буд, ки бо решаҳои тоҷикистонияш ифтихор дорад, аммо мехоҳад ба тими мунтахаби Русия роҳ ёбад.

Рашид Раҳимов, мураббии собиқи Далер аз бозии ӯ дар ҳайати тими мунтахаби Русия тавсиф карда, изҳор дошта буд, ки ин ҷавон аз рақобат наметарсад.

“Мавсимҳои гузашта гуфтам, ки Далер арзандаи даъват ба мунтахаби Русия мебошад. Ҳатто агар дар ҳайати тим бозигарони қавитар аз Далер ҳам бошанд, вай дар канори онҳо рушд хоҳад кард”, — таъкид намуда буд Раҳимов.

108