Ёқубҷон Назиров

Ёқубҷон Назиров дар Русия соҳиби медали биринҷӣ шуд

106
(Таҷдидшуда 11:52 16.03.2019)
Ҷудочии тоҷик Ёқубҷон Назиров, ки чанде боз дар Русия машқу тамрин мекунад, дар сабқати навбатӣ ширкат кард

ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Дар Екатеринбург сабқати ҷудочиёни ҷавони то 23 сола баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа ҷудочии тоҷик Ёқубҷон Назиров ҳам ҳунарнамоӣ карда, дар вазни то 90 кило соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Ҳамин тавр, боз яке аз ҷудочии комёби тоҷик Ёқубон Назиров фаъолияти варзишиашро дар Русия идома медиҳад.

Бояд қайд кард, ки Назиров чанде пеш дар ҳайати ҷудочиёни Тоҷикистон аз фаъолтарин варзишкор ва ширкаткунандаи сабқатҳои байналмиллалӣ шуд.

Ҳамин тавр дар сабқати Ҷоми Осиё миёни наврасон, ки дар Чирчики Узбакистон баргузор шуд, Назиров барандаи медали нуқра гардид. Дар Ҷоми кушоди Урупо бошад, ки дар шаҳри Твери Русия гузашт, дастае, ки Назиров дар ҳайати он қарор дошт, соҳиби медали тилло шуд, ки дорандаи он Ёқубҷон Назиров буд.

Дар баробари ин дар сабқати Ҷоми Урупо, ки дар Анталияи Туркия баргузор шуд, Назиров дар вазни то 81 кило соҳиби медали тилло шуд.

Пас аз чунин дастовардҳо, ӯ ба Федератсияи Русия сафар кард. Акнун Назиров дар ҳайати ҷудочиёни Русия машқу тамрин мекунад. Ин варзишкор дар мактаби захираи олимпии Екатеринбург фаъолият дорад.

106
Мавзуъ
Медали тиллои Ёқубҷон Назиров дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо
Пирӯзии Ёқубҷон Назиров дар Ҷоми Урупо

Рабаданов: барои муолиҷаи Абдулманап хостем ба раисҷумҳур муроҷиат кунем, аммо дер шуд

936
(Таҷдидшуда 17:45 03.07.2020)
Дӯсти хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо, Рамазан Рабаданов дар шарҳи фавти падар ва мурабии Қаҳрамони UFC дар вазни сабук гуфт, ки "хостем ҳатто ба раисҷумҳур низ муроҷиат кунем, аммо аллакай дер шуд"

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ба изҳори Рамазон Рабаданов, шореҳи варзишӣ ва дӯсти қарини хонаводаи Нурмуҳаммедовҳо, Абдулманап ба сактаи қалбӣ ва мағзи сар гирифтор шуда буд.

"Сактаи қалбиро пизишкон тавонистанд барқарор кунанд, вале сактаи мағзи сарашро муолиҷа карда натавонистанд. Мутаасифона ӯ аз ҳолати беҳушӣ (ком) набаромада, ҷон дод", - бо таассуф афзудааст Рабаданов дар сӯҳбат бо мухбири расонаи "Чемпион".

Ӯ аҳволи Абдулманапро ниҳоят вазнин арзёбӣ кард. Ба гуфтаи Рабаданов ҳатто пешниҳод шуд, ки барои муолиҷаи мураббии варзида ба худи раисҷумҳур муроҷиат намоем, "аммо аллакай бисёр дер шуда буд", - таъкид намуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки падари Ҳабиб Нурмуҳаммедов қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта дар вазни сабукро санаи 25 - уми апрел бо нишонаҳои маризии коронавирус ба яке аз дармонгоҳҳои Доғистон бистарӣ намуданд.

Маълум шуд, ки Ҳабиб барои як баромади оммавияш чанд пул мегирад

Зимнан, бо бад шудани вазъи саломатӣ, Абдулманапро рӯзи 3 - юми май ба шаҳри Маскав интиқол доданд. 

Он замон Рамазон Рабаданов гуфта буд, ки ҳудуди 75 дарсади шушҳои Абдулманап аз коронавирус сироят шудаанд.

Имрӯз, 3 - юми июл бо гузашти беш аз 2 моҳи маризӣ, Абдулманап Нурмуҳаммедов дар синни 58 солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт.

936
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Хабиб Нурмагомедов, боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе

Маълум шуд, ки Ҳабиб барои як баромади оммавияш чанд пул мегирад

568
(Таҷдидшуда 14:43 03.07.2020)
Алӣ Абдул-Азиз, мененҷери Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, қаҳрамони UFC барои як баромади оммавӣ чанд пул мегирад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ба гуфтаи Алӣ Абдул-Азиз, ҳазинаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов барои суханронӣ дар назди мардум ҳадди аққал 300 ҳазор доллар дар як рӯз аст.

Ин нуктаро менеҷери размикор дар шарҳи матлаби нашрияи Forbes, ки ҳазинаи Ҳабибро барои як баромади оммавӣ 78 ҳазор доллар гуфт.

"Падарам маро мешиносад, аммо ҳарф намезанад": Ҳабиб вазъи Абдулманапро шарҳ дод

"Ин каме маълумоти нодуруст аст. Музди ӯ барои суханронии оммавӣ дар як рӯз ҳадди аққал 300 ҳазор аст”,-гуфт Абдeл-Азиз.

Қаблан падари размикор низ дар бора дороиҳо ва даромади писараш аз муҳорибаҳо гуфта буд.

Ба гуфтаи ӯ калонтарин маблағро Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар рақобат бо варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ба даст овардааст.

"Дороии ӯ наздики 100 миллион доллар аст. Дар ҷаҳон одамоне ҳастанд, ки дороияшон аз ин бештар аст", - гуфт падари Ҳабиб.

Бояд қайд кард, ки моҳи июли соли 2019 рӯзномаи Forbes Ҳабибро миёни доротарин ашхоси аз 40 сола поёни Русия, дар мақоми аввал ҷой дода буд.
Ҳабиб Нурмуҳаммадов 28 бор аз рӯи муҳорибаҳои омехта ба октагон баромадааст ва боре ҳам мағлуб нашудааст.

Нунздаҳ рақобати Ҳабиб таҳти сарпарастии UFC баргузор шудааст. Рақобати охирин бо Дастин Поре ба Ҳабиб калонтарин музд - 6 миллион доллар овард. Ин бештарин ҳаққи музд дар фаъолияти Ҳабиб Нурмуҳаммадов мебошад.

568
Специалисты министерства здравоохранения в аэропорту Ташкента

Шумори гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 10 ҳазор наздик шуд

0
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон омори нави ҳолатҳои ошкоршудаи гирифторони коронавирусро дар ин кишвар эълон кард

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтраи матбуотии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон теъдоди дардмандони коронавирус дар ин кишвар танҳо шабонарӯзи азир то 285нафар афзудааст.

Ҳамин тариқ шумораи умумии ҳодисаҳои коронавирус дар Ӯзбекистон тақрибан 9708 нафарро ташкил дод.

Ба иттилои манбаъ ҳоло дар ҷумҳурӣ 3220 гирифторони COVID-19 дар беморхонаҳо таҳти назорати табибон қарор доранд.

Манбаъ мегӯяд, ҳодисаҳои нав асосан дар байни шаҳрвандоне, ки дар қарантинӣ ҷойгиранд, ошкор карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, дар Узбакистон 31 нафар аз коронавирус фавтиданд.

Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳолати сироятёбӣ дар Узбакистон 15 март дар зане, ки аз Фаронса ба ватанаш баргашт, расман сабт шуд.

0