Дзюдо, архивное фото

Темур Раҳимов соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ гардид

222
Ду паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов ва Фурқат Назриев барои сазовор шудан ба шоҳҷоизаи наврӯзӣ дар шаҳри Норак талош намуданд

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Имрӯз бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар   шаҳри Норак  марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ  баргузор гардид, ки Темур Раҳимов ғолиби он дониста шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, ки дар  ин  мусобиқа беҳтарин паҳлавонони мамлакат  аз вилоятҳои Суғду  Хатлон, ВМКБ  ва ноҳяи  Рашт аз рӯи 7 вазн байни ҳам рақобат намуданд.

Варзишгарони  беҳтаринро туҳфаҳои арзишманд ва ғолиби вазни мутлақро  шоҳҷоиза – мошини сабукрав  интизор  буд. Ду паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов ва Фурқат Назриев  барои сазовор шудан ба шоҳҷоизаи наврӯзӣ талош намуданд. Билохира Темур   Раҳимов  бо усули зебо тавонист паҳлавони шаҳри Кӯлоб  Фурқат Назриевро мағлуб намуда,  соҳиби шоҳҷоиза гардад.

Инчунин баҳри тамошои  мусобиқаи мазкур   аз тамоми  гӯшаву канори  мамлакат мухлисону ҳаводорони ин навъи зебои  варзиш  ҷамъ омада буданд.

Ёдовар мешавем, ки   мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  роҳандозӣ гардидааст.

222
Барчаспҳо:
Наврӯз, Тоҷикистон, гуштии миллӣ, гушти