В новой школе района Рудаки

Дар Душанбе дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз 193 мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегардад

60
(Таҷдидшуда 16:02 22.03.2019)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои сокинон ва меҳмонон пойтахт 193 мусобиқаҳои варзишӣ доир мекунад

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар пойтахти кишвар 193 мусобиқаҳои варзишӣ баргузор карда мешаванд.

тибқи барномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти шаҳри Душанбе дар шаҳри пойтахти Тоҷикистон 193 мусобиқаҳои варзишӣ доир карда мешаванд.

“Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз тибқи Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шаҳри Душанбе 193 чорабинии варзишӣ доир карда мешаванд”,- таъкид намудааст манбаъ.

Мусобиқаҳои мазкур дар толорҳои варзишӣ, майдончаҳои хӯрди футбол ва маҷмааҳои варзишӣ аз санаи 20 то 30 марти соли равон дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ карда мешаванд.

Мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои варзиши футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот, шашка, теннис, тенниси рӯи миз, гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, туби дастӣ, бандкашӣ, сангбардорӣ, велосипедронӣ баргузор карда мешаванд.

60
Барчаспҳо:
мусобиқа, душанбе, шаҳрдорӣ, варзиш, Тоҷикистон