Ду медали биринҷии самбочиёни тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон

Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, куштигирони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон дар риштаи самбо ду медали биринҷӣ ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, Ҷоми ҷаҳонии самбо 22-23 март дар шаҳри Маскав ба хотираи Анатолий Харлампиев баргузор шуд.

шаҳри Душанеб, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Душанбе аз Фаронса ва Украина пешсаф шуд: чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Тоҷикистон мегузарад

Манбаъ афзуд, қаҳрамони ҷаҳон – 2018 дар риштаи самбо Хушқадам Хусравов дар вазни 62 кило бар варзишгарони Нидерланд - Нияк Ланеӣеретс, Эстония  - Вадим Фомин дастболо шуд.

“Сипас аз варзишгари мизбон Владимир Березовский, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд. Хушқадам баъдан барои ҷои сеюм намояндаи Муғулистон Унуболд Лҳагваҷамтсро шикаст дод”, - омадааст дар иттилоияи Кумита.

Манбаъ афзуд, варзишгари дигари Тоҷикистон, Бахтовар Абдуллоев дар вазни 100 килои равияи самбои размӣ низ сазовори медали биринҷӣ шуд.

Ду намояндаи дигари тоҷик Файзиддин Абдуллоев дар самбо, вазни -90 кило ва Сорбон Латипов дар самбои размӣ, вазни -62 кило аз медалҳо бенасиб монданд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо, дар мусобиқа 250 варзишгар аз 33 давлат ширкат карданд.  

Лентаи хабарҳо
0