Комроншох Устопириён с сыном, архивное фото

Комроншоҳи Устопириён, дар Бохтар пирӯз шуду соҳиби шоҳҷоиза, мошини нав шуд

203
(Таҷдидшуда 14:12 26.03.2019)
Дар шаҳри Бохӣар ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст Нусрат Файзуллоев мусобиқаи муҳташами гӯштини миллӣ барпо гардид

ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик дар мусобиқи гутини миллӣ дар шаҳри Бохтар соҳиби шоҳҷоиза гардид, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур на танҳо беҳтарин паҳлавонони кишвар, балки зиёда аз 15 ҳазор мухлисони ин варзишро дар варзишгоҳи марказии шаҳри Бохтар ҷамъ овард.

Манбаъ таъкид намудааст, ки зиёда аз 100 паҳлавон дар ин рӯз соҳиби ҷоизаҳои гуногун ва маблағи пулӣ гардиданд.

“Ду шоҳҷоиза автомашинаи сабукрав барои паҳлавонони маъруфи  тоҷик муайян ва пешниҳод карда шуда буд. Паҳлавонони шинохтаи кишвар барои соҳиб шудани туҳфаи арзанда бо ҳам  рақобат намуданд. Барои яке аз шоҳҷоизаҳо паҳлавон Саидҷамол Алимардонов ва ду карат қаҳрамони Осиё оид ба варзиши дзюдо Комроншоҳи Устопириён рақобат намуданд”, - таъкид намуд манбаъ.

 Дар ин рақобат бо истифода аз усули маъмулии худ тавассути бардошти ҳалуки дохила ё дар намуди дзюдо  маъмул бо “учи мата” рақибашро партофт намуда соҳиби шоҳҷоиза гардид.

Барои шоҳҷоизаи дуввум бошад паҳлавонони  дигари тоҷик  Саидҷалол Саидов ва дорандаи медали биринҷии Гран-Прии Марокаш дар соли 2019 оид ба намуди дзюдо  дар вазни ҷамъи 100 кг. Тимур Раҳимов  сабқат  намуданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки рақобати  ин ду паҳлавон хело тӯлони сурат гирфта,  мусовӣ анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ, ягона шоҳҷоизаи арзандаи мусобиқотро Комроншоҳи Устопириён паҳлавони маъруфи тоҷик мансуби номи худ намуда, қаҳрамони  Наврӯзи 2019 дар шаҳри Бохтар интихоб гардид.

203
Барчаспҳо:
Бохтар, пирӯзи, Комроншоҳ Устопириён, гуштин, варзиш, Тоҷикистон