Юношеская сборная Таджикистана, архивное фото

Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Қирғизистон: бо ҳисоби калон

282
Бозии футболбозони Қирғизистону Тоҷикистон бо ҳисоби 8:0 анҷом ёфт.

ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Дастаи наврасони Тоҷикистон тими футболбозони Қирғизистонро дар сабқати байналмилалии Ҷоми "Роҳи Абрешим Хуашан-2019" бо ҳисоби калон мағлуб кард.

Дар ин бора равобити умумии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вохӯрии дастаҳои наврасони Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳисоби 8:0 анҷом ёфт.

"Дастпарварони мураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба дарвозаи ҳамтоёни худ аз Қирғизистон, ҳашт голи беҷавоб ворид карданд",-қайд кардаанд дар ФФТ.

Қайд мешавад, ки голҳои бештаринро футболбозон-Муҳаммадворис Сайдалиев ва Абдуфаттоҳ Худойдодзода ба ҳадаф расониданд. Ҳамчунин Кабир Салимшоев ва Раҳматшо Раҳматзода ҳам як голӣ ба нишон расониданд.

Дар сабқати Ҷоми "Роҳи Абрешим" мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон боз бо ду дастаи дигар, 8 апрел бо бозигарони тими Мянма ва 10 апрел бо дастаи Чин вохӯрӣ хоҳанд кард.

282