Омодагӣ ба дав, акс аз бойгонӣ

Таҷлили Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳу пешрафт дар Тоҷикистон

28
(Таҷдидшуда 17:18 07.04.2019)
Тоҷикистон дар баробари кишварҳои дигари ҷаҳон 6 апрел - Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафтро таҷлил кард

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Тавре сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон менависад, дар баробарҳуқуқии сокинон, рушди ҷомеа ё тағйир додани ҳаракатҳои иҷтимоӣ, нақши варзиш дар пешрафти ҷомеа нисбат ба ҳар вақти дигар бузург аст ва маҳз ба ҳамин хотир Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт таҷлил мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бора Созмони Милали Муттаҳид 23 августи соли 2013 қарор қабул кард.

“Дар ҳамон ҷаласаи СММ гуфта шуд, ки варзиш забони байналмилалӣ мебошад, ки гурӯҳи одамон ва миллатҳоро новобаста ба андешаҳои гуногун доштанашон муттаҳид мекунад, имкониятҳои ҷавононро густариш медиҳад ва дар саломатии одамон мусоидат менамояд. Варзиш ба мо дар роҳи расидан ба мақсадҳоямон, ки дар Деклоратсияи Рушди ҳазорсола зикр шудааст, кӯмак мерасонад”, - омадааст дар иттилоияи Кумитаи миллии олимпӣ. .

Кумита зикр кардааст, ки бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар кишвар рӯзи шанбе – Рӯзи варзиш ва солимгардонӣ эълон шудааст, ки ду соли охир дар ин рӯз баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

“Машқҳои субҳгоҳии рӯзи 6 апрел дар саросари ҷумҳурӣ ба Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳ ва пешрафт рост омад. Ҳазорон нафар субҳи имрӯз ба майдонҳо баромада, ба тарбияи бадан машғул шуданд ва варзишро миёни ҷомеа тарғиб карданд”, - иттилоъ дод Кумита.

28