Главный тренер ФК Худжанд Нумонджон Юсупов (слева) и защитник команды Манучехр Ахмедов на пресс-конференции 08.02.2016

Тағйироти кадрӣ дар дастаи "Хуҷанд": аз истеъфои Юсупов то таъйини Зиёев

226
Дастаи "Хуҷанд" аз тағйироти кадрӣ хабар дод. Якбора сармураббӣ, мураббӣ ва духтури даста аз вазифа сабукдӯш шуданд

ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Нуъмонҷон Юсупов, ки аз моҳи феврали соли 2018 инҷониб сармураббии дастаи "Хуҷанд" буд, бо қарори раҳбарияти клуб, сабукдӯш шуд.

Дар ин бора Федератсияи Футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамчунин Шӯҳрат Умаров ҳам аз вазифаи мураббии калони даста сабукдӯш ва ба дастаи футболбозои навраси то 14-сола равон шуд.

Духтури даста-Зуҳриддин Ҷураев ҳам вазифаашро тарк кард. Сабабашро манбаъ, натиҷаи манфии даста дар мавсими нав гуфтаааст.

Шариф Зиёев, ки пеш дар ҳайати дастаи "Хуҷанд" бозӣ мекард, муваққатан сармураббии даста таъйин шуд. Ӯ то ин замон самураббии дастаи ҷавонон буд. Фаррух Марофиев ёрдамчиии Шариф Зиёев таъйин шуд. 

Ҷои духтури дастаро бошад, Фирӯз Тоҷиев, хатмкардаи Донишкадаи Красноярск гирифт.

Манбаъ афзуда, ки раҳбарияти даста, ба Нуъмонҷон Юсупов, Шуҳрат Умаров ва Зуҳриддин Ҷураев барои фаъолияташон сипосгузорӣ карда, ба онҳо комёбӣ орзу карданд.

226