Тӯби футбол, акс аз бойгонӣ

Ҳимоятгар ба дарвозаи худ гол зад: анҷоми 2 бозии қаҳрамонии Тоҷикистон

95
Ду бозии даври дуюми қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи футбол 11 апрел миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар бозии марказии даври дуюм “Истаравшан” дар майдони худ бар тими “Хуҷанд” пирӯз шуд. “Дербии Суғд” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан, дар шоҳидии 15000 мухлис бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Қаҳрамони бозӣ ҳамлагари тими Истаравшан Бахтовар Зокиров буд, ки ду гол зад, гардид. Голи дастаи меҳмонро Манучеҳр Аҳмадов ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон – “Истиқлол” дастаи “Хатлон”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.  Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб Алишер Ҷалилов ва Шериддин Бобоев заданд. Як голи дигарро тими Бохтар худашон тавассути ҳимоятгар Алишер Баротов вориди дарвозаашон намуданд. Голи “Хатлон”-ро Худойдод Узоқов ба номаш сабт кард.

“Истиқлол”, ки дар ду давр 6 хол ба даст овард, дар садри ҷадвали чемпионат қарор гирифт. Ду бозии дигари даври дуюми чемпионати футболи мамлакат 13-14 апрел доир мегардад. Рӯзи 13 апрел КМВА “Помир” дар майдони худ “Панҷшер”-ро қабул мекунад, 14 апрел дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена” “Регар-ТадАЗ” бо “Куктош” нерӯ месанҷанд. Оғози бозиҳо – соати 16:00 дар назар аст.

95
Рустам Эмомали на день физкультурника подарил спортсменам Хорога спортивную форму

Либосҳои варзишӣ ва тӯбу кимоно: тӯҳфаи Рустами Эмомалӣ ба варзишгарони Хоруғ

63
(Таҷдидшуда 16:06 14.08.2020)
Рустами Эмомалӣ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе (ФФТ) ба варзишгарони шаҳри Хоруғ либосу лавозимоти варзишӣ тақдим кардааст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон туҳфаҳои Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи варзишгарон супорида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, туҳфаҳои президенти ФФТ аз қабили либосҳои варзишӣ, тӯбҳои гуногун ва кимоно ба мактабҳои варзишӣ оид ба футболу волейбол, баскетболу бокс ва дзюдои маркази маъмурии ВМКБ супорида шуд.

Сураҷ Чоршанбиев, мудири бахши ҷавонон ва варзиши дастгоҳи ҳукумати ВМКБ аз номи варзишгарони Хоруғ ба Рустами Эмомалӣ барои дастгирии варзишгарону мураббиёни вилоят изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кардааст, ки фароҳам овардани имконоти нав барои рушди варзиш афзалияти кори ҳукумати маҳаллӣ мебошад.

Номбурда гуфтааст, ба туфайли дастгирии ФФТ дар Бадахшон якчанд майдони футбол бо рӯйпӯши сунъӣ сохта шуда, инчунин навъҳои дигари варзиш - волейболу футбол, боксу гӯштингирӣ ва ғайра дар ҳоли рушд аст.

63
Барчаспҳо:
ВМКБ, Рустами Эмомалӣ, ФФТ, Тоҷикистон
Волейбол, архивное фото

Дар Тоҷикистон Лигаи ҳандбол таъсис дода шуд

63
(Таҷдидшуда 18:36 13.08.2020)
Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон кӯшиш дорад бозиҳо дар сатҳи баланди касбӣ баргузор шаванд ва аз ҳисоби чеҳраҳои нав дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ташкил намояд

ДУШНБЕ, 13 авг — Sputnik. Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи варзиши мамлакат Лигаи ҳандбол таъсис дод, хабар медиҳад, дафтари матбуотии  Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, бозиҳои Лигаи ҳандболи Тоҷикистон миёни ҷавонон доир мегарданд ва дар он дастаҳои "Душанбе", "Марко Поло", "Сарез", "Скиф", "Сокол", "Ҳисор" ва ғайра иштирок мекунанд.

 Бозиҳои мазкур дар ду марҳила баргузор мегарданд ва дастаи  холи бештар гирифта, ғолиб мешавад. Марҳилаи аввали Лигаи ҳандболи Тоҷикистон аз 17 то 28 август доир мешавад.

"29-31 август Федератсияи ҳандболи Осиё барои доварони Тоҷикистон тариқи онлайн курси омӯзишӣ мегузаронад. Доварони мо, ки бозиҳои марҳилаи аввали Лигаи ҳандболро ҳакамӣ мекунанд, имкон доранд дар курси омӯзишӣ иштирок ва донишҳои худро афзун намоянд. Сипас, доварон донишу таҷрибаи андӯхтаашонро дар марҳилаи дуюм амалӣ мекунанд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон кӯшиш дорад бозиҳо дар сатҳи баланди касбӣ баргузор шаванд ва аз ҳисоби чеҳраҳои нав дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ташкил намояд.

 

 

 

 

 

63
Тонущий человек, архивное фото

Заврақи худсохти марговар: чор узви як хонавода дар Айнӣ ба дарё ғарқ шуданд

0
(Таҷдидшуда 12:36 15.08.2020)
Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ ва Дастаи махсуси зудамали наҷот дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ба ҷустуҷӯи ғарқшудагон оғоз карданд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Чор узви як хонавода дар Айнӣ ба дарё ғарқ шуданд, гузориш медиҳад аз ҳодисаи нохуш Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон. Он мехостанд савори заврақи худсохте дарёи Искандарро убур кунанд.

Гуфта мешавад,  ҳодиса 14 август, тахминан соати 09:50 рух додааст.

"4 нафар сокинони деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ ҳангоми убур бо заврақи худсохт аз болои дарёи Искандар дар об ғарқ шудаанд. Ин 4 нафар узви як оила мебошанд", - тавзеҳ медиҳад КҲФ.

Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  заврақи худсохт аз беэҳтиётӣ чаппа шуда, чор узви як хонадон, ки падар 61-сола ва боқимонда аз 33 то 2-сола буданд, ба коми дарё рафтанд.

Баъд аз гирифтани ахбори фаврӣ сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ ва  Дастаи махсуси зудамали  наҷот дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ба ҷустуҷӯи ғарқшудагон оғоз карданд.

30 нафар даст ба даст гирифта зани ғарқшударо аз об берун оварданд - навор

0