Ҷойи аввали Дилшод Назаров дар феҳристи беҳтарин варзишкорони Осиё

© JEWEL SAMADСеребряный призер Таджикистана Дильшод Назаров празднует победу на турнире по легкой атлетике в рамках Азиатских игр 2018
Серебряный призер Таджикистана Дильшод Назаров празднует победу на турнире по легкой атлетике в рамках Азиатских игр 2018 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё феҳристи беҳтарин варзишкорони Осиёро дар намудҳои гуногун мунташир кардааст

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Роҳбари мунтахаби Тоҷикистон, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров дар раддабандии Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё байни варзишкорон мақоми аввали худро нигоҳ доштааст.

Ӯ чун раддабандии соли гузашта ягона варзишкори тоҷик аст, ки ба ин феҳрист роҳ ёфтааст.

Ҳамин тавр, дар ин давра Тоҷикистонро дар раддабандӣ як як варзишкор - Дилшод Назаров намояндагӣ кардааст.

Дилшод Назаров на летних Азиатских играх 2018 в Джакарте - Sputnik Тоҷикистон
Бо Дилшод Назаров 5 тани дигар ба қаҳрамонии Осиё ба Давҳа мераванд

Дар раддабандӣ, дар тамоми намудҳои варзиш варзишкорони кишварҳои Чин, Ҷопон, Ҷопон, Ҳиндустон ва Таиланд пешсафанд.

Ёдрас мешавем, варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ соли 2018 дар мусобиқаи Гран-Прии варзиши сабук дар  Бразилия медали тилло ба даст овард.

Мусобиқа 8 июл дар шаҳри Браганша Паулиста баргузор шуд.

Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ гурзро ба масофаи 75,18 метр ҳаво дода, ҷои аввалро сазовор шуд. Дар ин қувваозмоӣ варзишгари Молдова Сергей Маршиев ҷои дуюм (74,51), варзишгари Беларус Павел Барейша (73,28) ҷои сеюмро гирифтанд.

Ин дуюмин  медали Дилшод Назаров дар мавсими соли 2018 буд. Ӯ як моҳ қабл аз н 8 июн дар Мусобиқаи гурзандозӣ ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ дар шаҳри Чорзуви Полша медали биринҷӣ ба даст овард.

Лентаи хабарҳо
0