Виталий Левченко, архивное фото

Таъйинот: Виталий Левченко сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» интихоб гардид

83
Виталий Левченко дар нишасти хабарии пеш аз бозии Ҷоми КФО бо дастаи “Дордой”-и Қирғизистон ширкат карда, дар аввалин машқи даста иштирок менамояд

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Футболбози шинохтаи Тоҷикистон Виталий Левченко сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд интихоб шуд ва дар арафаи бозии даври дуввуми Ҷоми КФО имрӯз ба футболбозони даста муаррифӣ мешавад.

Имрӯз Виталий Левченко дар нишасти хабарии пеш аз бозии Ҷоми КФО бо дастаи “Дордой”-и Қирғизистон ширкат карда, дар аввалин машқи даста иштирок менамояд ва 17 апрел “Хуҷанд”-ро ба муқобили дастаи “Дордой”-и Қирғизистон ба майдон мебарорад.

Тағйироти кадрӣ дар дастаи "Хуҷанд": аз истеъфои Юсупов то таъйини Зиёе

Ёдовар мешавем, ки Виталий чун сармураббии мунтахаби пешини ҷавонони Тоҷикистон фаъолияти варзишиашро дар Тоҷикистон қатъ карда ба Самара рафта буд.

Таҳти роҳбарии Виталий Левченко мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба феҳристи ҳаштгонаи беҳтарин дастаҳои футболбози Осиё-2016 ворид шуд.

"Бо Тоҷикистон маро фақат ёддоштҳои мусбат мепайвандад. Соли фаъолиятам дар дастаҳои Тоҷикистон беҳтарин буд. Дар қаҳрамонии Осиё мо ба феҳристи ҳаштгонаи беҳтарин ворид шудем. Мехоҳам ба бозигарон ва ҳамкасбонам ва ба роҳбарияти Федерусюни футболи Тоҷикистон барои рушд додани футбол дар кишвар дар чунин шароити мушкили иқтисодӣ миннатдориамро баён кунам. Мехоҳам ба ҳамаи дастаҳо ва бозигарон барои ба ҳадаф расидан ва иҷро кардани вазоифи дар пешашон истода комёбиҳо таманно кунам", — гуфт сармурабии пешини мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Левченко ваъда дода буд, ки боз ба Тоҷикистон бармегардад.

Ба қавли Левченко дар Тоҷикистон ҳамеша футболбозони хуб ва боистеъдд буданду мешаванд, фақат бояд барои рушд шароит фароҳам кард.

"Агар ҳукумати Тоҷикистон футболбозонро дастгирӣ кунад, футболбозони тоҷик пешгомтарин дар Осиё мешаванд ва мухлисонашонро бо бозиҳои зебо ва натиҷадор шод мекунанд. Мехоҳам ба ҳаводорони футбол сабру хирад таманно кунам ва боқӣ натиҷа ҳатман пайдо мешавад", — бовар дорад Виталий Левченко.

83