Анҷоми даври 4-уми чемпионати Тоҷикистон: пешсафон муайян шуданд

Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, охири ҳафтаи гузашта барандаи медалҳои биринҷии мавсими гузашта – дастаи “Куктош” дар майдони худ бар тими “Панҷшер” бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Футболисты юниорной сборной Таджикистана на футбольном поле - Sputnik Тоҷикистон
“Истиқлол” тими “Истаравшан”-ро голборон кард

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳисоб дар дақиқаи 8-ум кушода шуд - Муҳсин Абдуғаффоров дарвозаи “Панҷшер”-ро рахна кард. Дар дақиқаи 17 Холмурод Назаров ҳисобро афзуд. Қабл аз анҷоми нимаи аввал меҳмонон тавассути Муҳаммадраҷаб Ҷобиров тавонистанд ҳисобро – 2:1 кунанд. Дар дақиқаи 83-и нимаи дуюм Муҳсин Абдуғаффоров голи дуюми худ ва сеюми дастаашро аз "пеналтӣ" ба ҳадаф расонд ва бо ҳисоби 3:1 бозӣ ба анҷом расид.

Кумита илова намуд, ки бозӣ миёни дастаҳои КМВА “Помир” – “Хатлон” мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.

Ин ниҳод зикр кард, ки ду бозии дигари даври чорум 25-26 апрел доир гардида буданд. “Хуҷанд” бар “Регар-ТадАЗ” - 3:1 ва “Истиқлол” бар “Истаравшан” - 4:0 ғолиб омаданд.

Дар натиҷагирии даври чорум бо 10 хол аз 4 бозӣ дастаи “Истиқлол” мавқеашро дар ҷои аввали ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон устувор кард. “Хуҷанд”-у “Куктош” бо 7-холӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд.

 

Лентаи хабарҳо
0