Духтари амрикоӣ, муборизи ММА ба Ҳабиб: биё ба ҷанги "шох"-и ман

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкТренировка бойца Хабиба Нурмагомедова
Тренировка бойца Хабиба Нурмагомедова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Духтари амрикоӣ сад дарсад бовар дорад, ки қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадовро мағлуб мекунад

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо ва варзишкори ММА Кайла Харрисон изҳор дошт, ки метавонад аз рӯи қоидаҳои ҷудо қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадовро мағлуб мекунад, меависад TMZ.

"Оё Ҳабибро метавонам мағлуб кунам? Фикр мекунам аз рӯи қоидаи ҷудо метавонам. Сад дарсад. Ман ҳич шубҳае надорам",-гуфт варзишкор.

Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Замони набарди навбатии Ҳабиб Нурмуҳаммадов муайян шуд

Бояд гуфт, ки Кайла Харрисон қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо то вазни 78 килограм (дар Лондон ва Рио) мебошад. Ӯ ягона варзишкоре миёни ҷудочиёни Амрико аст, ки медали тиллои қаҳрамони ҷаҳониро ба даст овардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов мехоҳад муҳорибаи навбатиашро моҳи сентябр баргузор кунад.

Ҳабиб гуфт, моҳи сентябр ба шарте ба майдон мебарояд, агар Зубайр Тухугов ва Абубакр Нурмуҳаммадов, ки бо айби ӯ аз ширкат дар муҳорибаҳо маҳрум шуданд, пеш аз ӯ ба майдон бароянд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли гузашта Ҳабиб Нурмуҳаммадов Конор Макгрегорро мағлуб кард.

Дар айни замон Ҳабиб давраи маҳрумият аз ширкат дар муҳорибаҳоро паси сар мекунад. Ӯ пас аз рақобат бо Конор Макгрегор аз ширкат дар сабқатҳо маҳрум шуд. 

Ирландский боец без правил Конор Макгрегор - Sputnik Тоҷикистон
Пешбинии Ҳабиб рост баромад: Конор гуфт, ки бармегардад

Ҳабиб Нурмуҳаммедовро дар паи ин муноқиша, аз камарбанди қаҳрамонӣ маҳрум накарданд, аммо 250 ҳазор доллар ҷарима намуданд.

Комиссияи иёлати Невадаи Амрико, Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Конор Макгрегорро барои ҷанҷол аз ҳаққи ширкат дар бозиҳо маҳрум кард.

Қарори вижаро Комиссияи иёлати Невада (NSAC) қабул кард.

Нурмуҳаммедов аз ҳуқуқи ширкат дар бозиҳо ба мӯҳати 9 моҳ ва Конор 6 моҳ, Ҳабиб ба 500 ҳазор доллар ва Макгрегор ба 50 ҳазор доллар ҷарима шудаанд.

Ба гуфти падари Ҳабиб, варзишкор фаъолияташро пас аз рақобат бо Ҷорҷ Сен-Пери канадагӣ, Тони Фергюсони амрикоӣ ва Флойдом Мэйуэзер хотима медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0