Раиси вилояти Хатлон мақоми нав гирифт

© Госкомитет по земельному управлению РТХакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ӯро раиси Федератсияи футболи Хатлон интихоб намуданд

ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Қурбон Ҳокимзода, раиси вилояти Хатлон раиси Федератсияи футболи вилоят интихоб шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ФФТ хабар медиҳад.

Номзадии Ҳакимзодаро дар рафти нишасте дар Федератсияи футболи Хатлон дар Бохтар интихоб кардаанд.

"Дар рафти овоздиҳии кушод раиси вилояти Хатлон раиси нави ФФВХ интихоб шуд", - менависад манбаъ.

Исроил Шарипов муовини аввали раиси федератсия ва Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлоб муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон интихоб шуданд.

Защитник таджикского футбольного клуба Истиклол и сборной Таджикистана  Сиёвуш Асроров   - Sputnik Тоҷикистон
Баргузории мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми олии “Тоҷикистон -2019” дар Душанбе

Раиси нави ФФВХ ба интихобкунандагон барои боварӣ изҳори миннатдорӣ кард.

"Рушди футбол дар вилоят аз раисони шаҳру навоҳиҳои он вобаста аст. Хатлон минтақаи футбол аст, ки анъанаҳои хос ва торихи худро дорад. Вазифаи умумии мо анҷоми тамоми тадбирҳо барои рушди футбол мебошад", - таъкид кард вай.

Ёдрас мешавем, Ҳакимзода моҳи январи соли равон ба ҷои Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ раиси вилояти Хатлон таъин шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0