Чемпионат Таджикистана между командами Истиклол и Худжанд

Футбол: ғолиби марҳилаи якуми Чемпионат миёни дастаҳои лигаи олӣ маълум шуд

80
(Таҷдидшуда 20:00 20.05.2019)
Бозии марказии даври охири марҳилаи якум дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ширкати соҳибони майдон –дастаи “Хуҷанд”  сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Рӯзҳои 18 - 19 майи соли равон   марҳилаи якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид, ки дар он дастаи “Истиқлол” ғолиб омад иттилоъ додааст дафтари матбуотии Федератсияи Футболи Тоҷикистон.

Бояд зикр намуд, ки пешсафони Чемпионати мамлакат – “Истиқлол”  ва “Хуҷанд” дар бозии охири даври ҳафтум байни ҳам рақобат карданд. 

Бозии марказии даври охири марҳилаи якум дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ширкати соҳибони майдон –дастаи “Хуҷанд” бо тими “Истиқлол”  сурат гирифта бо натиҷаи 3:0 ба нафъи бозингарони пойтахт ба анҷом расид.

Баъди бохт дар бозиҳои даври чоруми Ҷоми КФО “Истиқлол” ва “Хуҷанд” ба ҳалли масъалаҳои футболи ватанӣ рӯ оварданд. 

Бояд зикр кард, ки мухлисони аз ҳама зиёд   — 8 ҳазору 500 нафар  бозии байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” -ро тамошо карданд.

Дар маҷмӯъ,  барои тамошои бозиҳои марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 119  ҳазору 900  мухлис ба варзишгоҳҳо ташриф оварданд. 146 маротиба дарвозабонҳо тӯбро аз дарвозаашон гирифтанд. Се  худгол низ ба қайд гирифта шудааст. Нишонзан Эҳсони Панҷшанбе беҳтарин бозингари мавсими соли гузашта аз дастаи “Истиқлол” ба шумор меравад, ки ба дарвозаи ҳарифон 5 тӯб задааст.

80
Барчаспҳо:
лигаи олӣ, бозӣ, футбол, варзиш, Тоҷикистон