Тими Истиқлол-и Душанбе, акс аз бойгонӣ

Натиҷаи сабқатҳои 25 ва 26 май дар чемпионати Тоҷикистон

48
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, 25-26 май марҳилаи дуюми қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ шурӯъ гардид

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ба иттилои манбаъ рӯзи 25 май ду бозӣ баргузор шуда, барандаи медалҳои биринҷии мавсими гузашта – дастаи “Куктош” дар бозии хонагӣ бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

“Ҳисобро дар дақиқаи 9-ум бозингари тими меҳмон Отабек Каримов кушод. Баъд аз 11 дақиқа капитани “Куктош” Аҳтам Холбоев ҳисобро баробар кард. 7 дақиқа пеш аз танаффус легионери ганагии мизбонон Мисиам Иносент ҳисобро афзуд. Голи сеюми дастаи ноҳияи Рӯдакиро Муҳиддин Одилов дар дақиқаи 71-ум ба номаш сабт кард”, - иттилоъ дод манбаъ.

Кумита афзуд, дар бозии дигар “Хатлон” дар меҳмонӣ бар тими “Панҷшер” бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Дар ҳайати тими ғолиб Парвиз Охунов ду гол зада, як тӯби дигарро Нуриддин Ҳамроқулов вориди дарвозаи ҳариф намуд. Голи “Панҷшер”-ро низ футболбозони “Хатлон” заданд ва автогол ба номи Алишер Баротов сабт шуд.

Рӯзи 26 май ду бозии дигари даври ҳаштум доир гардида, “Истиқлол” дар майдони худ бори дигар бар тими “Хуҷанд” бо ҳисоби  2:1 ғалаба кард. Ба иттилои Кумита, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ голҳои дастаи Душанберо Шериддин Бобоев ва Зоир Ҷӯрабоев, голи тими Хуҷандро бошад, Турсуналӣ Рустамов ба ҳадаф расонданд.

Бозӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” – КМВА “Помир” мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ба голи бозингари тими артиш Шодибек Ғаффоров тими Турсунзода тавассути голи Ҳасан Рустамов ҷавоб дод.

Пас аз натиҷагирии 8 давр дар ҷадвали чемпионат мисли пеш “Истиқлол” бо 22 хол садрнишин аст. Дар ҷои дуюм “Куктош” бо 14 хол мавқеъ дорад. “Регар-ТадАЗ” (12 хол) сегонаи аввалро ҷамъбаст мекунад.

48
Барчаспҳо:
тими Хуҷанд, "Истиқлол", чемпионат, футбол, Тоҷикистон