Мусобиқаи шиноварӣ, акс аз бойгонӣ

Пирӯзии шиноварон аз Русия, Белорус ва Узбакистон дар шаҳри Хуҷанд

59
(Таҷдидшуда 11:20 24.06.2019)
Рӯзи 22-юми июн дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 2-юм мусобиқаи байналмилалӣ дар ришати шиноварӣ оғоз ёфт

ДУШАНБЕ, 23 июн - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, наздики 70 шиновар аз Афғонистон, Белорус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон иштирок доранд.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, меҳмонон ва иштирокчиёни мусобиқаи байналмилалиро ба кишвари меҳмондӯсти Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, баргузории чунин мусобиқаи сатҳи байналмилалиро баҳри таҳкими дӯстиву рафоқат, тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим арзёбӣ намуд.

“Ташкили чунин мусобиқаҳои сатҳи баланд муаррифгари кишвари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардида, барои рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар мамлакат мусоидат менамояд”, - изҳор доштааст Аҳмадзода.

Марҳамат ба шиноварӣ: Аҳмадзода се шиногоҳи Хуҷандро бозсозӣ кард

Ба иттилои Федератсияи миллии шиноварӣ, дар рӯзи аввали мусобиқа ғолибон аз рӯи чанд қувваозмоӣ муайян гардиданд. Аз ҷумла, миёни мардҳо дар шинои пуштнокӣ ба масофаи 200 метр Игор Лебедев аз Русия мақоми аввал, намояндаи Ҷумҳурии Белорус Вячеслав Тугачёв мақоми дуюм ва Владислав Котов аз Ҷумҳурии Узбакистон зинаи сеюмро ишғол намуданд.

Дар намуди парвона - "батерфлай" дар масоҳати 50 метр номояндаи дигари Русия Дмитрий Зеленин ҷойи аввал, варзишгари Ҷумҳурии Узбакистон Ойбек Хужаев зинаи дуюм ва Денис Данисевич аз Ҷумҳурии Белорус мақоми сеюмро сазовор шуданд.

Миёни бонувон дар шинои пуштнокӣ ба масофаи 200 метр варзишгари дастаи Ҷумҳурии Узбакистон Муслима Султонова мақоми аввал, ду намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карина Климик ва Екатерина Бордачёва ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб гардиданд. Миёни бонувон дар шинои тарзи озод ба масофаи 100 метр варзишгари Федератсияи Русия Ирина Злобина зинаи аввал, Гуландом Исломова аз Ҷумҳурии Узбакситон мақоми дуюм ва Виктория Островская аз Белорус ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон афзуд, ки мусобиқа то 25-уми июн идома меёбад.

59