Эмомали Рахмон в Раштском районе

Ҳама ба футбол: Раҳмон дар Тавилдара майдончаи варзишӣ ифтитоҳ кард

219
(Таҷдидшуда 13:05 25.06.2019)
Майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, на танҳо барои хонандагони мактаб, балки барои дигар ҷавонони деҳаи Тавилдара ҷои машқ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор нахуст майдончаи варзишии мактаби рақами 1-ро ба баҳрабардорӣ расонд.

Бино ба гузориши манбаъ, майдончаи варзишӣ дар масоҳати 540 метри мураббаъ сохта шудааст.

Дар дабистони рақами 1-и ноҳияи Сангвор 450 нафар хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудааст ва аз надоштани майдончаи муосири обу тоби бадан то ба имрӯз маҳрум буданд.

"Майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, на танҳо барои хонандагони мактаб, балки барои дигар ҷавонони деҳаи Тавилдараи деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор метавонанд машқ кунанд",-омадааст дар хабарнома.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ошноӣ бо шароити майдончаи варзишӣ ва суҳбат бо масъулин ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд дода, ҷавонону наврасонро ба истифодаи пурсамар аз ин шароиту имконот ҳидоят карданд.

Ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4 деҳоти ноҳияи Сангвор бунёди 4 майдончаи варзишии дигар ба нақша гирифта шудааст.

219
Футбольная лига Таджикистана опубликовала расписание оставшихся матчей первого круга чемпионата страны

Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд

34
(Таҷдидшуда 15:13 16.07.2020)
Бозиҳои даври ҳаштякфиналӣ 1-3 август доир хоҳанд шуд. Имсол Ҷоми Тоҷикистон дар формати нав доир мегардад. Агар солҳои гузашта дастаҳо дар ҳамаи марҳилаҳо ду бозӣ (хона — сафар) анҷом медоданд, ин мавсим якбозигӣ мекунанд

ДУШАНЕБ, 16 июл – Sputnik. Бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд, хабар медиҳад "Ховар" дар истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои ФФТ,15 июл дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар натиҷаи қуръакашӣ дар даври ҳаштякфинал ҷуфтҳо  муайян гардиданд.

Дар ин давра дасатаҳои футболи  "Равшан"-и Кӯлоб,  бо "Панҷшер"-и  Ҷалолиддин Балхӣ,  "Истиқлол"-и Душанбе бо  "Моҳир"-и Ёвон, "Барқчӣ"-и  Ҳисор бо  "Локомотив-Помир"-и  Душанбе, "Душанбе-83"-и Душанбе бо "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, "Равшан"-и Зафаробод бо  "Эсхата"-и Хуҷанд, "Файзканд"-и Восеъ бо "Хатлон"-и  Бохтар, "Истаравшан"-и Истаравшан бо КМВА-и  Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд бо "Куктош"ғ- Рӯдакӣ ба майдон мебароянд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Бозиҳои даври ҳаштякфиналӣ 1-3 август доир хоҳанд шуд. Имсол Ҷоми Тоҷикистон дар формати нав доир мегардад. Агар солҳои гузашта дастаҳо дар ҳамаи марҳилаҳо ду бозӣ (хона — сафар) анҷом медоданд, ин мавсим якбозигӣ мекунанд. Мизбони бозиҳо дар натиҷаи қуръакашӣ муайян мегардад.

Футболбозро аснои тамрин раъду барқ зад - навор

Ёдовар мешавем, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 имкон пайдо мекунад, ки кишварамонро дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2021 намояндагӣ кунад. Агар дар Ҷоми Тоҷикистон ва Чемпионати Тоҷикистон як даста ғолиб ояд, пас дар Ҷоми КФО-2021 барандаи медалҳои нуқраи чемпионати ҷумҳурӣ иштирок хоҳад кард.

34
Боковой судья, архивное фото

Ҷазои тими “Саройкамар” аз суи ФФТ: ба ҷойи се бозигар чор нафарро иваз кард

103
(Таҷдидшуда 12:23 15.07.2020)
Кумитаи назорат ва одоби Федератсияи Футболи Тоҷикистон тими “Саройкамар”-ро барои вайрон кардани қоидаи бозӣ дар вохурии пешакии Ҷоми футболи Тоҷикистон ҷазо додааст

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи кишвар масъулони тими “Саройкамар”  дар рақобат бо “Панҷшер” ба ҷойи се бозигар чор нафарро иваз кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин дар ҳолест ки дар ҳар бозӣ барои ивази се бозигар танҳо иҷозат дода шудааст.

Бозии мазкур 7 июл доир гашта бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи “Саройкамар”   хотима ёфта буд.

Тибқи қарори ниҳоии Кумитаи одоби ФФТ тими “Саройкамар”  ба таври техникӣ маълуб ҳисобида шуда, натиҷаи бозӣ бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи “Панҷшер” ҳал шуд.

Илова бар ин, Кумитаи интизомии ФФТ аз шӯъбаи доварони Федератсия дархост кард, ки нисбати намояндагони расмии бозӣ - дастаи ҳакамон ва нозирони ин вохӯрӣ барои хунукназарӣ нисбат ба кор  ҷазои сахтро татбиқ кунанд.

103
Деньги, архивное фото

Тоҷикистон ба сабаби коронавирус натавонист 363 миллион сомонӣ қарзу грант гирад

0
(Таҷдидшуда 17:09 16.07.2020)
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон таъкид дошт, ки бино бар паҳншавии вируси корона ҷумҳури барои иҷрои лоиҳаҳо дар соҳаҳои сохтмони роҳ, энергетика, иқтисод, бахшҳои иҷтимоӣ ва аграрӣ Тоҷикистон 309 миллион қарз ва 54 миллион сомонӣ грантӣ гирифта натавонист

ДУШАНЕБ, 16 июл – Sputnik. Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки ба сабаби  пандемияи COVID-19 сармоягузорони байнулмилалӣ ҳаҷми пешниҳоди қарзу грантҳоро барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон кам хоҳанд кард.

Палатаи ҳисоб гуфт, барои хунукназарӣ чанд мансабдори давлатиро ҷазо доданд

Вай дар ин робита изҳор кард, ки бинобар пайдошавии пандемия барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузории ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сохтмони роҳ, энергетика, иқтисод, бахшҳои иҷтимоӣ ва аграрӣ Тоҷикистон 309 млн қарз ва 54 млн сомонӣ грант гирифта натавонист.

Кӣ ҳақ: Кумитаи амнияти озуқаворӣ ё Палатаи ҳисоб?

Инчунин Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки баста шудани сарҳадҳо байни кишварҳо, саривақт ба нуқтаи таъинот нарасидани бору маҳсулот, ҷумҳуриро тарк кардани мутахассисони хориҷӣ мушкилоти иловагиро дар масъалаи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба бор оварданд.

0
Барчаспҳо:
гирифтани қарз, грант, қарз, вирус, Палатаи ҳисоб, Тоҷикистон