Чемпион Таджикистана душанбинский «Истиклол» завершил свое выступление в Кубке АФК-2019, заняв второе место в группе «D»

Чемпионати CAFA дар Тоҷикистон баргузор мешавад

77
(Таҷдидшуда 17:12 04.07.2019)
Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирокчиёни Чемпионати CAFA-2019 мебошанд

ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Интизор меравад, Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бар хабари манбаъ, мусобиқаи мазкур аз 26 июл то 1 август идома ёфта дар он дастаҳои футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Турманистон, Афғонистон ва Қирғизистон   ширкат меварзанд.

Гуфта мешавад, дар мусобиқа аз миёни шаш даста беҳтаринҳоро муайян мекунад. Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирокчиёни Чемпионати CAFA-2019  мебошанд.

Футбол ба ҷои тиру санг: “Дӯстӣ – 2019” бо иштироки Шоҳ Искандар ва фаъолони тоҷику қирғиз

Ёдовар мешавем, ки ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор мегузаранд.

Бояд зикр кард, ки дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Аҳлиддин Турдиев ширкат мекунад.

Ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони тоҷик давраи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки 14-22 сентябр дар Урдун доир мегардад.

ФУТБОЛ: ҳарифони дастаҳои мунтахаби то 16-сола ва то 19-солаи Тоҷикистон муайян шуданд

Дар мусобиқаҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби  Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувайт бозӣ мекунад.

77
Барчаспҳо:
футбол, чемпионат, Тоҷикистон