Таджикская девушка выиграла три золотые медали по кикбоксингу

Варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон соҳиби 11 медал гардиданд

77
(Таҷдидшуда 12:00 09.07.2019)
Дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон дар 19-умин Ҷоми Гусман Касанов соҳиби 11 медал – 3 тилло, 4 нуқра ва  4 биринҷӣ гардид

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik.  Варзишгарони  тоҷик дар 19-умин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук — Ҷоми Гусман Косанов дар Қазоқистон сазовори 11 медал гардиданд, иттилоъ додааст Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

 Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ,  мусобиқаи мазкур 6-7 июли соли равон  дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд. Дар мусобиқаи имсола 220 нафар варзишгар аз 14 давлат – Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Туркия, Украина, Ҳиндустон ва Эрон ширкат карданд.

Хотиррасон  менамоем, ки дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон дар 19-умин Ҷоми Гусман Касанов соҳиби 11 медал – 3 тилло, 4 нуқра ва  4 биринҷӣ гардид.

Гулсунбӣ Шарифова дар масофаҳои 200 (23.35 сония) ва 400 метр (52.70 сония) ду медали тилло ба даст оварда, дар масофаи 400 метр рекорди миллӣ гузошт. Медали дигари тиллоро Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 58.90 сония сазовор шуд.

Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр бо натиҷаи 1:51.86, Алишер Пулотов дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 53.00 сония, дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар эстафетаи 4х400 метр ва 4х100 метр ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардиданд.

Медалҳои биринҷиро Абдурауф Мусоев дар гурзпартоӣ бо натиҷаи 58,70 метр, Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 54.53 сония, Григорий Дерипаскин дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 47.44 сония (рекорди миллӣ) ва Фаридун Ашуров дар тела додани ядро бо натиҷаи 13.81 метр соҳиб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Гусман Косанов ба тақвими Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) ва Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё (AAA) ворид гардида, мусобиқаи рейтингӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 маҳсуб мешавад.

77
Барчаспҳо:
тилло, медал, варзиш, Қазоқистон, Тоҷикистон
Душанбинский ФК Истиклол на тренировке в Ташкенте

"Истиқлол" дубора бозигарашро аз тими "Навбаҳор"-и Ӯзбекистон овард

65
(Таҷдидшуда 09:12 08.08.2020)
Амирбек Ҷурабоев, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол” –и Душанбе пас аз танаффуси яксола боз ба ба ин даста  баргашт

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои сомонаи бошгоҳи “Истиқлол”нимҳимоятгар Амирбек Ҷурабоев, ки тӯли як сол дар тими “Навбаҳор”-и  Ӯзбекистон бозӣ мекард,  дубора ба тим баргашӣ.

Ба иттилои манбаъ, шартномаи ҷадиди бозигар бо қаҳрамони Тоҷикистон муддати як солро дар бар мегирад, аммо дар бораи маблағи гузариш иттилоъ дода нашудааст.

Амирбек Ҷурабоев қаблан се сол тули мавсимҳои 2016-2019 дар ҳайати “Истиқлол” ҳунарнамоӣ карда бо дастаи пойтахт чандин бор қаҳрамони кишвар, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон ва Абарҷоми мамлакат гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ҳайати “Истиқлол” Амирбек Ҷурабоев бо пероҳани рақами 22 ҳунарнамоӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, қаблан низ бозигари дигари даста Аҳтам Назаров, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол низ дубора ба тими “Истиқлол”-и пойтахт пайваст
Аҳтам Назаров дар дастаи футболи “Башундара Кингз”-и Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, дубора бо “Истиқлол” шартнома баст.

65
Таджикские мастера готовят подарок к зимней Олимпиаде в Пекине

Туҳфаи устоҳои тоҷик барои Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин

166
Ҷамшед Ҷӯраев ва Насим Негматов ду устои бомаҳорати тоҷик мебошанд, ки шӯҳрати наққошкориҳои онҳо берун аз Тоҷикистон ҳам паҳн шудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ҷамшед Ҷӯраев ва Насим Негматов ду устои машҳури тоҷик мебошанд, ки амалҳои ҷолиби наққошии онҳо иншоотҳои фарҳангӣ ва маконҳои дӯстдоштании кишварро оро медиҳанд. Ифтихори котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай – толори рамзи қароргоҳи СҲШ – тариқи ҳамин ҳунар оро ёфтааст. 

Ҳамчунин, ороиши павилони СҲШ дар доираи Намоишгоҳи ҷаҳонии санъати боғдорӣ соли 2019 дар Пекин ба Ҷамшед ва Насим супорида шуда буд. Павилони СҲШ миёни меҳмонони намоишгоҳ машҳур шуд, хусусан ҳунари рассомон баҳои баланд гирифт.

Арчаи миллӣ бо розигии Президент: дастур барои насб пеши идораю хонаҳо - аксҳо

Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки устоҳои тоҷик омодагиро ба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, ки аз 4 то 20 феврали соли 2022 дар Пекин баргузор мешаванд, шуруъ карданд. Тилисми ин чорабинии бузурги варзишӣ – панда бо номи Бин-Дундун интихоб шудааст.

Зимнан, рассомони тоҷик тасмим гирифтаанд якчанд лавҳаро бо наққошии панда – ҳайвони дӯстдори миллионҳо нафар дар ҷаҳон – омода кунанд.

Дар доираи Бозиҳои олимпӣ, онҳо инчунин умед доранд, ки намоишгоҳ ташкил мекунанд ва ҳунарашонро ба пекиниҳо ва меҳмонони пойтахти Чин ошно менамоянд.

166
Барчаспҳо:
тоҷик, усто, туҳфа, Бозиҳои олимпӣ

Таркиши мудҳиш дар Бейрут монеи маросимҳои издивоҷ гардид - навор

0
Таркиши мудҳише, ки дар Бейрут ба вуқӯъ пайваст нақшаи чандин ҷавононро барбод дод. Ҷуфтҳои хушбахт, ба хотири издивоҷ ба калисо омаданд, аммо таркиши шадид онҳоро ба висоли ҳам нарасонд

Пас аз таркиши мудҳиш дар Бейрут дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои гуногун аз лаҳзаи таркиш мунташир мешуданд.

Ду наворе, ки аз лаҳзаи омодагӣ ба маросими издивоҷ дар замони таркиш ба шабакаҳо роҳ ёфт, сербинандатаринҳо гардиданд.

Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз таркиш дар Бейрут

Дар навор маълум аст, ки меҳмонон барои қисмат кардани хурсандии ду ҷавон ба калисо омаданд ва баробари аз дар даромадани арӯс таркиши мудҳиш сар мезанад. Тирезаҳои  калиса аз шиддати таркиш пора гардиданд ва арӯсу меҳмонон зуд толорро тарк намуданд.

Ҳамчунин як навори дигар аз аксбардории арӯс дар берун аз калиса мунташир шудааст, ки нозу каришмаи духтарро таркиши мудҳиш ба ваҳму ҳарос мубадал намуд.

Таркиш дар бандари Бейрут шоми 4 август рух дод. Мақомоти маҳаллӣ сабаби ин ҳодисаро таркиши 2,7 ҳазор тонна нитрати аммиак, ки дар анбори бандар нигоҳдорӣ мешуд, арзёбӣ намуданд.

Ин маводро соли 2015 хадамоти гумрук мусодира намуда, онро  дар бандари мазкур нигоҳдорӣ мекардааст. Дар Бейрут барои ду ҳафта  вазъияти фавқулода эълон шудааст.

0
Барчаспҳо:
навор, таркиш, Бейрут