Пирузии Тоҷикистон бар дастаи Сурия: дарвозабон беҳтарин бозигар дониста шуд

© пресс-служба ФФТНациональная сборная Таджикистана
Национальная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон даври дуюми Мусобиқаи байналмилалии “Hero Interсontinental Cup 2019” тими миллии Сурияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Шоми дирӯз дар шаҳри Аҳмадободи   Ҳиндустон бозии даври дуюми Мусобиқаи байналмилалии “Hero Interсontinental Cup 2019” байни дастаҳои футболи мунтахаби  Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.  

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин бозии ҷолиб голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро  Комрон Турсунов ва Илҳом Баротов ба ҳадаф расонида, пирӯзии  дастаи мунтахаби Тоҷикистонро таъмин намуданд.

В Москве стартовал Кубок Нур на котором примут участие 17 команд - Sputnik Тоҷикистон
"Ҷоми Нур": рақобати 17 даста барои ҷоми футбол дар Маскав

Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи миллии кишвар дар вохӯрии Тоҷикистон ва Сурия беҳтарин бозингар интихоб гардид. Баъди бозӣ аз ҷониби масъулини мусобиқа бо 2500 доллар қадрдонӣ шуд.

Ҳама ба футбол: Раҳмон дар Тавилдара майдончаи варзишӣ ифтитоҳ кард

Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби яккачини Тоҷикистон бозии дуюми Мусобиқаи байналмилалии “Hero Interсontinental Cup 2019”-ро низ бо пирӯзӣ анҷом дод.

Лозим ба ёдоварист, ки дар даври якум дастаи мунтахаби Тоҷикистон мизбони ин мусобиқа-тими миллии  Ҳиндустонро бо ҳисоби 4:2 шикаст дода буд.

Футбол: ғолиби марҳилаи якуми Чемпионат миёни дастаҳои лигаи олӣ маълум шуд

Дар даври сеюм, ки қарор аст 15 июли соли равон  баргузор гардад дастаи мунтахаби Тоҷикистон  бо дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ рақобат хоҳад кард.

Манбаъ таъкид намудааст, ки иштирок дар мусобиқаи “Hero Interсontinental Cup 2019” барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.

Лентаи хабарҳо
0