Шиновар, акс аз бойгонӣ

Шиноварони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунанд

47
(Таҷдидшуда 19:45 12.07.2019)
Чемпионати ҷаҳон дар намудҳои варзиши обӣ дар шаҳри Гванҷуи Кореяи Ҷанубӣ шуруъ гардид

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар чемпионат, ки имрӯз оғоз гардид, дар равияҳои шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, ҷаҳиш ба об, шинои ҳамзамон, шиноварӣ дар оби озод, ҷаҳиш ба об аз баландии 20 то 27 метр доир мегардад.

Манбаъ афзуд, ки дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 2 ҳазору 623 нафар аз 194 давлати дунё иштирок мекунанд.

Аз Тоҷикистон 4 варзишгар – Олим Ишанов, Алиҷон Хайруллоев, Анастасия Тюрина ва Екатерина Бордачева ба Корея сафарбар гардиданд.

“Варзишгарони мо дар равияи шиноварӣ ба масофаҳои кӯтоҳ - 50, 100 метр бо роҳбарии сармураббӣ Алишер Чингизов ширкат мекунанд. Мусобиқаи шиноварӣ 21-28 июл доир мегардад”, - омадааст дар Кумитаи миллии олимпӣ.

Манбаъ афзуд, ки варзишгаронро қабл аз сафар, раиси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода қабул карда, дар ҷараёни суҳбат ба онҳо муваффақият таманно кард.

Рӯзҳои 12-20 июл варзишгарон дар равияи ҷаҳиш ба об ва шинои ҳамзамон, 13-19 июл дар равияи шиноварӣ дар оби озод, 14-27 июл дар равияи тӯббозӣ дар об, 22-24 июл дар ҷаҳиш ба об аз баландӣ миёни ҳам сабқат мекунанд.

47
Барчаспҳо:
шиноварӣ, чемпионати ҷаҳон, Федератсияи шиноварӣ, Тоҷикистон
Матч между душанбинским Истиклолом и Худжандом

Дархости Тоҷикистон барои баргузории бозиҳои гуруҳии Ҷоми Осиё-2020 дар Душанбе

64
Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали рақобатҳо марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020-ро дар минтақаи Осиёи Марказӣ нашр намуд.

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои федератсияи Футболи кишвар,  тақвими бозиҳо пас аз баррасиҳои зиёд аз ҷониби раҳбарияти Конфедератсияи футболи Осиё ва ҳайаташ гирифта шуд.

Тоҷикистон дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 шомили гуруҳи "D" мебошад.

Ба иттилои манбаъ, бозиҳои гурӯҳи "D" бо иштироки дастаҳои футболи  "Истиқлол"-и Тоҷикистон, "Алтин Асир"-и Туркманистон, "Дордой"-и  Қирғизистон ва "Хуҷанд"-и  Тоҷикистон аз 23  октябр то 4  ноябри соли равон, доир мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ҳар чор бозӣ  дар як кишвар доир мегардад, ки  то ҳануз дақиқи набуда, тасмими ниҳоӣ дар бораи макони баргузорӣ рӯзҳои наздик гирифта мешавад.

ФФТ мегӯяд, барои баргузории ин рақобатҳо дар Душанбе дархост ирсол кардаанд.

Ғолиби гурӯҳ дар нимфинали байниминтақавӣ, ки 24-25 ноябр пешбинӣ шудааст, бозӣ мекунад. Бозии финалии байниминтақавӣ 2 декабр ва рақобати ниҳоии Ҷоми AFC 12 декабр доир мешавад.

 

64
Ноги и футбольный мяч

Ширкате, ки Конор реклама мекунад: "Parimatch" шарики асосии тими "Локомотив Помир" шуд

173
(Таҷдидшуда 19:08 10.07.2020)
Ширкати байналмилалии "Parimatch" шарики асосии тими "Локомотив Помир" шуд. Минбаъд, логотипи ин ширкат дар қисми пеши либоси бозингарони  "Локомотив Помир" ҷойгир карда мешавад ва бренди он дар тамоми фаъолияти маркетингии даста дарҷ хоҳад гашт

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе дар як нишасти хабарӣ созишномаи ҳамкории дарозмуддати дастаи футболи "Локомотив Помир" ва ширкати байналмилалии букмекерии "Parimatch" ба имзо расид.

Бо ин Созишнома "Parimatch" шарики асосии "Локомотив Помир" мегардад ва ҳамчунин шарики стратегӣ барои рушди минбаъдаи ин даста хоҳад шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Дар нишаст таъкид гардидааст, ки логотипи шарик дар қисми пеши либоси бозингарони  "Локомотив Помир" ҷойгир карда мешавад ва бренди он дар тамоми фаъолияти маркетингии даста дарҷ хоҳад гашт.

"Мо хушнудем, ки чунин бренди қавӣ тасмим гирифтааст бо мо ҳамкориро ба роҳ монад ва шарики асосии мо бошад. Мо дар ин мавсим мақсадҳои ҷиддӣ дорем ва бо ҳамкории муштарак ҳамаи онҳоро амалӣ хоҳем кард", — зикр намуд Анвар Мирзоев, президенти дастаи футболи "Локомотив Помир".

Дар навбатии худ директори генералии Parimatch Тоҷикистон Абдусаттор Ҳасанов таъкид намуд, ки "Футбол дар Тоҷикистон бо суръати баланд рушд ёфта истодааст. Ширкати мо яке аз бузургтарин сарпарастони варзиш аст ва бо ин ҳамкорӣ мехоҳем бори дигар тадбиқи рушди варзишро нишон диҳем ва ба дастаҳои ҷавон барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд кӯмак расонем".

Бояд гуфт, ки Parimatch яке аз бузургтарин ширкатҳои букмекерӣ дар Аврупо ва ИДМ мебошад, ки дар тӯли солҳои рушди мунтазам, ба яке аз пешсафони арсаи Аврупо табдил ёфтааст.

Ширкати мазкур яке аз сармоягузорони фаъол дар бозори маркетинги варзишӣ ба ҳисоб меравад, ки бо федератсияҳо ва дастаҳои пешрафтаи аз ҳама машҳури MMA, аз ҷумла UFC ҳамкорӣ мекунад. Таблиғкунандагони ин ширкати бонуфуз, варзишгарони машҳур ба монанди, боксёр Майк Тайсон, варзишгари маъруфи UFC Конор Макгрегор, Петр Ян, Арман Тсарукян ва хоҳарон Шевченко мебошанд.

173
Барчаспҳо:
дастаи "Локомотив", Футбол, Тоҷикистон
Пассажиры в здании Казанского вокзала во время дезинфекционной обработки вокзала

Анҷумаи ширкатҳои сайёҳии Русия бозшавии сарҳадҳоро пешгӯӣ кард

0
Анҷумаи ширкатҳои сайёҳии Русия пешгӯии хушбинонаро барои  барқарор кардани парвозҳои байналмилалӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Парвози хатсайрҳои мусофирбари ба минтақаҳои сайёҳие, ки маъмулан мардуми рус ба он таваҷҷуҳ доранд, дар гумон аст пеш аз  охири моҳи сентябр - октябр барқарор шавад,  гуфт  Мая Ломидзе, директори иҷроияи Анҷумани ташкилотҳои сайёҳии Русия (ATOR) зимни суҳбаташ дар эфири радиои "Говорит Москва".

Мая Ломидзе изҳор доштааст, ки пешгӯии аз ҳама хушбинона авохири моҳи сентябр – октябр хоҳад буд.

Ба гуфтаи вай, дар навбати аввал, интиқол ба ҷойҳои маъмултарини туристӣ дубора барқарор карда мешавад.

Вай илова намуд, ки набояд дар илова ба ҳодисаҳои рухдода асабонияти худро зиёд кард.

"Аммо ин маънои онро надорад, ки мо дар соли 2020 ба ҳеҷ ҷо парвоз нахоҳем кард. Албатта, ин саволест, ки ҳама ҳам сайёҳон ва ҳам соҳаи туризм мепурсанд. Ин як саволи муҳим аст, вақте имконпазир мешавад мо на танҳо шаҳрвандони худро фиристем, балки шаҳрвандони хориҷиро низ қабул мекунем".

Ба гуфтаи вай, бояд дарк кард, ки вазъ хеле зуд тағир меёбад.

Ломидзе ёдовар шуд, ки Хорватия охири моҳи июн боз шуд, дар моҳи май Туркия эълом дошт, ки барои қабули шаҳрвандони Русия омода аст.

"Булғория омодагии худро барои қабули шаҳрвандони Русия эълом кард. Ҳама эҳсос доштанд, ки фавран, агар пагоҳ набошад, пас аз фардо, мо ба баъзе кишварҳо парвозро оғоз хоҳем кард" Анҷумани ширкатҳои сайёҳӣ.

Вай афзуд, ки агар вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон бадтар шавад, маҳдудияти кушодани сарҳадҳо метавонад тамдид ёбад. Бар асоси пешгӯиҳо, равуои байналмилалӣ танҳо дар моҳи декабр дубора барқарор мешавад.

"Ҳоло мо медонем, ки кушодашавии парвозҳо ба ягон минтақаи сайёҳӣ то охиримоҳи июл мӯъҷиза хоҳад буд, ва дар гумон аст. 99 фоиз - не. Август сахт зери суол аст" гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки бар асари пандемияи коронавирус, Русия парвозҳои байналмилалии нақшавӣ ва чартериро 27 март ба таъхир андохт.

 

0