Национальная сборная Таджикистана провела заключительный матч в 2018 году

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба финали мусобиқаи “Hero Interсontinental Cup 2019” роҳ ёфт

114
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии охири марҳилаи гурӯҳии Мусобиқаи байналмилалии “Hero Interсontinental Cup 2019”, ки дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон мегузарад аз дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 1:0 шикаст хурд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Шоми дирӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Кореяи Шимолӣ бар ҳисоби 1:0 шикаст хурд. Ягона тӯбро ба дарвозаи тими Тоҷикистон дар дақиқаи 33-юми бозигарӣ кореягӣ Ри Ҷун ворид намуд.

Новобаста аз он ки дастаи тими миллии Тоҷикистон дар бозии гузашта шикаст хурд дастаи мунтахаб ба бозии ниҳоӣ, ки интизор меравад 19  июли соли равон доир шавад, роҳ ёфт.

Ёдрас мешавем, ки дар ду бозии қаблӣ футболбозони тоҷик бар дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (4:2) ва Сурия (2:0) пирӯзӣ ба даст оварда, соҳиби 6 имтиёз гаштанд. Баъди анҷоми бозӣ миёни дастаҳои  мунтахаби  Ҳиндустон ва Сурия, 16  июл   ҳарифи навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон маълум хоҳад шуд.

Фатҳулло Фатҳуллоев бошгоҳашро иваз кард

Иштирок дар мусобиқаи “Hero Interсontinental Cup 2019” барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.

Мавриди зикр аст, ки  Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи миллии мамлакат дар вохӯрии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия беҳтарин бозигар дониста шуд. Рустам баъди бозӣ аз ҷониби масъулини мусобиқа бо 2500 доллар қадрдонӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал низ маблағи пулӣ барои беҳтарин футболбоз насиби узви дастаи мо Муҳаммадҷон Раҳимов гардида буд.

114
Барчаспҳо:
даста, Кореяи Шимолӣ, шикаст, пирӯзӣ, футбол, Тоҷикистон
Волейбол, архивное фото

Дар Тоҷикистон Лигаи ҳандбол таъсис дода шуд

43
(Таҷдидшуда 11:16 13.08.2020)
Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон кӯшиш дорад бозиҳо дар сатҳи баланди касбӣ баргузор шаванд ва аз ҳисоби чеҳраҳои нав дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ташкил намояд

ДУШНБЕ, 13 авг — Sputnik. Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи варзиши мамлакат Лигаи ҳандбол таъсис дод, хабар медиҳад ФФТ.

Гуфта мешавад, бозиҳои Лигаи ҳандболи Тоҷикистон миёни ҷавонон доир мегарданд ва дар он дастаҳои "Душанбе", "Марко Поло", "Сарез", "Скиф", "Сокол", "Ҳисор" ва ғайра иштирок мекунанд.

 Бозиҳои мазкур дар ду марҳила баргузор мегарданд ва дастаи  холи бештар гирифта, ғолиб мешавад. Марҳилаи аввали Лигаи ҳандболи Тоҷикистон аз 17 то 28 август доир мешавад.

"29-31 август Федератсияи ҳандболи Осиё барои доварони Тоҷикистон тариқи онлайн курси омӯзишӣ мегузаронад. Доварони мо, ки бозиҳои марҳилаи аввали Лигаи ҳандболро ҳакамӣ мекунанд, имкон доранд дар курси омӯзишӣ иштирок ва донишҳои худро афзун намоянд. Сипас, доварон донишу таҷрибаи андӯхтаашонро дар марҳилаи дуюм амалӣ мекунанд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон кӯшиш дорад бозиҳо дар сатҳи баланди касбӣ баргузор шаванд ва аз ҳисоби чеҳраҳои нав дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ташкил намояд.

 

 

 

 

 

43
Национальная сборная Таджикистана провела заключительную тренировку в Куала-Лумпуре

Мунтахаби футболи Тоҷикистон бе ягон бозии расмӣ мавсими 2020-ро ҷамъбаст мекунад

128
(Таҷдидшуда 12:58 13.08.2020)
Мавсими футбол барои мунтахаби миллии Тоҷикистон барои имсол хотима ёфта, кулли бозиҳояш ба соли оянда гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё ба қароре омаданд, ки бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022, Ҷоми Осиё-202 ба соли оянда гузошта шавад.

Ба поияи ин тасмим, бозиҳое, ки  баргузорияшон моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда буданд, ба соли 2021 гузаронида мешаванд.

Яккачини Тоҷикистон ҳамин тавр дар соли ҷорӣ ягон бозии расмӣ доир намекунад, аммо аз рӯйи нақша бозиҳои дӯстонаашро доир мекунад.

Манбаъ мегӯяд, тасмими мазкур дар пайи паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва бехатарии ҳамаи иштирокчиён, FIFA ва AFC минбаъд низ корро барои назорати дақиқи вазъ дар минтақа ва муайян кардани санаҳои нави мувофиқ барои бозиҳои интихобӣ,  идома медиҳанд.

Маълумоти бештар дар бораи санаҳои нави баргузории бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон- 2022 ва Ҷоми Осиё-2023 ба зудӣ эълон хоҳад шуд.

ФИФА ба Федератсияи футболи Тоҷикистон 1,5 миллион доллар медиҳад

Ёдовар мешавем яккачини Тоҷикистон мебоист моҳҳои октябр ва ноябр бо тимҳои миллии Муғулистон, Ҷопон ва Мянма дар доираи мусобиқоти интихобӣ барои Ҷоми ҷаҳон-2022 рақобат кунад.

128
Барчаспҳо:
Ҷоми АФК, ФИФА, ФФТ, футбол, мунтахаби Тоҷикистон, Тоҷикистон
Милиция Душанбе задержали трех блогеров

Писаракро чакан пӯшондаву дар сараш тухм шикастанд: ҳабси блогерон барои пранки таҳқиромез

0
(Таҷдидшуда 13:22 13.08.2020)
Чуноне дар навор дида мешавад як духтарак бо ду ҷавон ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд

ДУШНБЕ, 13 авг — Sputnik. Милисаҳои Душанбе се шаҳрванд, ду ҷавон ва як занро барои пранки ғайриахлоқӣ баздошт намуда, ҳабс ва ҷарима кардаанд.

Тавре РВКД Душанбе гузориш додааст, 11-уми августи соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби 2-3 нафар ашхоси ба ном "блогер" мавриди масхараву мазаммат қарор гирифтани як наврас инъикос ёфтааст.

"Ин амалу кирдори ноҷавонмардонаи ин блогерон мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, ҳамзамон як қатор корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то пеши роҳи чунин бетартибӣ гирифта шуда, нисбати онҳо чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад", - менависад манбаъ.

Воқеан чуноне дар навор дида мешавад як нафар ҷавонзан бо ҳамроҳии ду нафар ҷавонмард ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд.

Дар давоми ин ҳама кирдорҳои зиддиқонунӣ "блогерҳо" наврасро ба масхара мегиранд, ки “ранги арӯси замонавӣ шуд”, “мо арӯс кофта гашта будем”, “гап нест дар ин арӯс” мегӯянд.

"Дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ омодакунандагон ин навор муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Аз ҷумла инҳо Хоҷаев Аҳлиддин Зайниддинович, Муҳаммадиев Акбар Одилович ва Кулиева Матлуба Баҳодуровна мебошанд", -  тавзеҳ медиҳад РВКД ДУшанбе.

Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки банаворгирии "пранк"-и ғайриахлоқӣ ва дур аз фарҳангу маданияти тоҷикона бо маслиҳати пешакӣ ва розигии худи писарбачаи ноболиғ Д.Ф, соли таваллудаш 2006 сабт карда шуда, охирон яке аз хешовандони наздики боздоштшуда Хоҷаев Аҳлиддин ба ҳисоб мерафтааст.

Милиция Душанбе задержали трех блогеров
Милиция Душанбе задержали трех блогеров

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур барои поймол намудани ҳуқуқҳои ноболиғ, ба таври оммавӣ паст задани шаъну шараф ва мавриди масхараву мазаммат қарор додани писарбачаи ноболиғ, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" вайрон гардидааст.

Нисбати ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд Хоҷаев Аҳлиддин ва Муҳаммадиев Акбар ба муҳлатҳои 5 ва 7 шабонарӯзӣ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Илова бар ин, бо назардошти дар тарбияи шаҳрванд Кулиева Матлуба мавҷуд будани кудаки ноболиғ, нисбаташ шартан ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 406 сомонӣ таъин карда шудааст.

 

0