Футбол, архивное фото

Бозии ҳалкунанда: Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ имрӯз вориди майдон мешаванд

140
(Таҷдидшуда 19:35 19.07.2019)
Пас аз натиҷаи бозӣ миёни Ҳиндустн ва Сурия (1:1) ҳарифи дастаи миллии Тоҷикистон дар финал Кореяи Шимолӣ гардид

ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik. Бегоҳии имрӯз дар бозии ниҳои мусобиқаи байналмилалии Ҷоми байниминтақавии чемпионҳо, дастаи миллии Тоҷикистон бо Кореяи Шимолӣ рақобат мекунад.

Бозии ҳалкунанда соати 19:30 бо вақати Тоҷикистон дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон баргшузор мегардад

Бояд зикр кард, ки   бозии охирини  марҳилаи гурӯҳии Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми байниминтақавии чемпионҳо, байни  дастаҳои футболи  мунтахаби Ҳиндустон ва Сурия 16 июли соли ҷорӣдар шаҳри Аҳмадободи   Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом  расид.

Баъд аз анҷоми ин рақобат ҳарифи дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоии Мусобиқаи байналмилалии байниминтақавии қаҳрамонҳо-2019 маълум гардид

Тоҷикистон мизбони чемпионати футболи Осиёи Марказӣ мешавад

Ёдовар мешавем, ки 15 июли соли равон дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии охири марҳилаи гурӯҳии Мусобиқаи байналмилалии "Hero Interсontinental Cup 2019" аз дастаи мунтахаби  Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб гашт.

Ягона тӯбро дар дақиқаи 33-юми бозӣ Ри Ҷун ба дарвозаи Рустам Ятимов ворид намуд.

Аммо ин нокомӣ барои роҳ ёфтани дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ба бозии ниҳоӣ, ки интизор меравад 19 июли солиравон доир шавад, монеа нашуд.

Дар ду бозии қаблӣ футболбозони тоҷик бар дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (4:2) ва Сурия (2:0) ғалаба карда, 6 имтиёз ба даст оварданд.

140
Барчаспҳо:
рақобат, варзишгарон, Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, мунтахаб, футбол
Дзюдо, архивное фото

Беҳтарин ҷудокорони ҷавони Тоҷикистон маълум шуданд

90
(Таҷдидшуда 14:55 31.10.2020)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуривӣ оид ба ҷудо байни ҷавонони соли таваллудашон 2000-2002 баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 31 окт – Sputnik. Кумита аз қавли Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст, дар мусобиқа 135 варзишгар дар ҳайати нӯҳ даста – Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд-1, Суғд-2, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт ширкат карда, аз рӯи 7 дараҷаи вазнӣ миёни ҳам рақобат намуданд.

Дар шаш вазн намояндагони Душанбе, дар як вазн варзишгари ШНТМ ғалаба карданд. Дар вазни -60кг Шаҳбоз Саидаброров пас аз мағлуб намудани Фирӯз Мелибойзода соҳиби медали тилло шуд. Дар зинаи сеюм варзишгарони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Сарвар Абдушукуров ва Аҳмад Аюбов қарор гирифтанд.

Эмомалии Нуралӣ дар финали вазни -66кг Абубакр Шеровро мағлуб намуда, медали тиллоро ба гардан овехт. Медалҳои биринҷӣ насиби Фарух Ҳалимов ва Худобахш Сулаймонов шуд. Дар финали вазни -73кг боз ду варзишгари Душанбе бо ҳам неру санҷиданд ва Муҳаммад Саъдуллоев тавонист Қурбоналӣ Бозоровро мағлуб намояд.

Умар Расулов аз ШНТМ дар вазни -81кг пас аз пирӯзӣ бар Аминҷон Сафаров аз шаҳри Душанбе ғолиб шуд.
Дар финали вазни 90кг боз ҳам варзишгарони шаҳри Душанбе ба ҳам омаданд. Раҳаматуло Мирзоев тавонист Фаридун Холиқовро мағлуб намуда, ҷои аввалро ишғол кунад.

Дар вазни -100кг Абубакри Акобир Фарзин Ҳусайнов аз вилояти Суғдро шикаст дода, ғолиб шуд.

Ниҳоят дар вазни +100кг Бобоҷон Бобоев Иброҳим Элмуродовро мағлуб намуда, соҳиби медали тилло гардид.

90
Барчаспҳо:
мусобиқа, ҷудо, Тоҷикистон
Хабиб Нурмагомедов

Шарҳи Кремл дар бораи мулоқоти Путин бо Нурмуҳаммадов

1357
(Таҷдидшуда 15:53 27.10.2020)
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия хабарҳо дар бораи дидор ва мулоқоти Владимир Путин бо размикор Ҳабиб Нурмуҳаммадовро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков тасдиқ кардааст, ки Владимир Путин бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC мулоқот хоҳад кард, аммо санаи дақиқи ин дидор ҳоло мушаххас нашудааст, хабар додааст РИА Новости.

Қаблан президенти Русия Владимир Путин тавассути телефон Ҳабиб Нурмуҳаммадовро бо пирӯзӣ дар набард бо Ҷастин Гетҷии амрикоӣ табрик гуфтааст.

"Дар ҳақиқат, президент гуфт, ки ин ҳатмист, вақте худи Ҳабиб каме истироҳат мекунад ва вазъи эпидемиологӣ ... ором мешавад, онҳо ҳатман мулоқот хоҳанд кард", - гуфт Песков дар посух ба пурсиши журналистон оид ба имкони мулоқоти президент бо варзишгар.

Ёдовар мешавем, шаби 25 октябр Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар даври дуюми сабқат бо Ҷастин Гейҷӣ бо истифодаи усули буғикунанда пирӯз шуд.

Баъди пирӯзӣ Ҳабиб эълон кард, ки дигар ба майдони набар нахоҳад омад ва ин охирин рақобаташ буд, зеро ба модараш ваъда додааст, ки дигар ҷанг нахоҳад кард.

Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.

Коршинос дар бораи қарори Ҳабиб: бе падараш ӯ наметавонист ба қуллаҳои баланд расад

Дар пайи пирӯзӣ бар Гейҷӣ, Нурмуҳаммадов аз роҳбарияти UFC хост, ӯро дар садри беҳтарин размикорон ҷой диҳанд, чун ӯ арзанда аст.  Дана Уайт, роҳбари UFC ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳрасти беҳтарин размикорони ҷаҳон мақоми аввалро дод.

Охирин парвози Уқоб: Ҳабиб пас аз мубориза бо Гетҷи "карера"-ашро ҷамъбаст кард

Ҷон Ҷонс, ки то ҳол дар сархати беҳтарин размикорон қарор дошт, аз мақомаш ба фоидаи Нурмуҳаммадов даст кашид.

1357
Барчаспҳо:
Кремл, Дмитрий Песков, Владимир Путин, размикор, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Новая операционная в районой больнице №5 в джамоате Далион Боло Деваштичского района

Дар вилояти Суғд 459 иншооти соҳаи тандурустӣ таъмир мегардад

0
(Таҷдидшуда 20:35 31.10.2020)
Дар нӯҳ моҳи соли равон дар вилояти Суғд, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 64 оншооти тандурустӣ ба итмом расонида шудааст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар вилояти Суғд давоми солҳои 2019-2021 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 459 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, аз ин шумора 64 адад беморхонаҳо, 118 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 86 адад марказҳои саломатӣ, 18 адад таваллудхонаҳо, 101 адад нуқтаҳои хатна ва 72 адад дорухонаҳо мебошанд.

Бино ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Суғд, соли 2020 бояд, 123 адад иншооти соҳаи тандурустӣ , аз ҷумла 15 адад беморхонаҳо, 39 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 20 адад марказҳои саломатӣ, 5 адад таваллудхонаҳо, 13 адад нуқтаҳои хатна ва 31 адад дорухонаҳо бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими онҳо ба итмом расонида шавад.

"Дар нуҳ моҳи соли равон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тамими 64 адад иншоотҳои тандурустӣ, аз ҷумла 10 адад беморхонаҳо, 16 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 14 адад марказҳои саломатӣ, 2 адад таваллудхона, 8 адад нуқтаҳои хатнаи кӯдакон ва 14 адад дорухонаҳо ба итмом расонида шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ба муносибати истиқболи сазовори 30-солагии истиқлол корҳои ободонию созандагӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармим дар тамоми муассисаҳои тандурустии вилоят идома дорад.

0
Барчаспҳо:
азнавсозӣ, таъмир, беморхона, Суғд