Варзишгари тоҷик дар Манголия нишони нуқра ба даст овард

Обуна шудан
Ибодулло Ибодов дар бахши таҷрибавии кӯдакони Осиё "CHILDREN OF ASIA - TEST EVENT" ҳунарнамоӣ карда, ба гирифтани мақоми дуюм даст ёфт

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Имрӯз, 20-уми июл дар шаҳри Улан-Батори кишвари Манголия рақобатҳои Чемпионати Осиё оид ба варзиши ҷиу-ҷитсу оғоз гардид.

Астана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нурсултон мизбони бозиҳои ҷаҳонии размӣ эълом гардид

Дар қатори даҳҳо варзишгарони қора мунтахаби Тоҷикистон низ дар ин мусобиқа ширкат дорад.

Дар нахустин рӯзи рақобатҳо варзишгари тоҷик Ибодулло Ибодов дар вазни 46 ба гирифтани нишони нуқра даст ёфт.

Ба иттилои роҳбари Федератсияи миллии ҷиу - ҷитсуи Тоҷикистон Алиҷон Давлатов, Ибодулло Ибодов дар бахши таҷрибавии кӯдакони Осиё "CHILDREN OF ASIA - TEST EVENT" ҳунарнамоӣ карда, ба гирифтани мақоми дуюм даст ёфт, ки ин имкон медиҳад то дастпавари мактаби ҷиу - ҷитсуи Тоҷикистон дар бозиҳои Осиёи - 2020 иштирок карда, Тоҷикистонро муаррифӣ намояд.

Муборак: медали нуқраи Саидҷалол Саидов дар сабқати ҷудои Қазоқистон

Дар Чемпионати Осиё Тоҷикистонро ба ҷуз аз Ибодулло ҳамчунин Мансурҷон Сабуров, Назарзода Маъруф, Сунатулло Набиев ва Амирҷони Нуриддин намояндагӣ доранд.

Муин Ғафуров варзишгари тоҷик узви созмони UFC гардид

Лентаи хабарҳо
0