Душанбе ва Ҳисор мизбони Қаҳрамонии CAFA-2019

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкФутбол, архивное фото
Футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон, Турманистон, Афғонистон ва Қирғизистон вориди майдон мешаванд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 26 июл то 1 августи соли равон Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.

Тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол - Sputnik Тоҷикистон
Тими Тоҷикистон дар финал аз Кореяи Шимолӣ шикаст хӯрд - видео

Бар хабари манбаъ дар мусобиқаи мазкурдастаҳои мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон, Турманистон, Афғонистон ва Қирғизистон вориди майдон мешаванд.

Гуфта мешавад аз миёни шаш даста беҳтаринро муайян мекунанд.

Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирокчиёни Қаҳрамонии CAFA-2019 мебошанд.

 Хотиррасон менамоем, ки ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор мегузаранд.

Рақибони футболбозони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳонии футбол - 2019 маълум шуданд

Бояд зикр кард, ки дар Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Аҳлиддин Турдиев ширкат мекунад.

Ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони мо давраи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки 14-22 сентябр дар Урдун доир мегардад.

Ҳарифони Тоҷикистон дар марҳилаи 2-и интихобии Ҷоми Ҷаҳон – 2022 маълум шуданд

Дар мусобиқаҳои интихобииҚаҳрамонии  Осиё-2020 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои мунтахаби Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувайт бозӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0