Тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол

Футболбозони тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Арабистони Саудӣ сафар карданд

62
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон оид ба футбол барои анҷом додани ду бозии дӯстона ба Арабистони Саудӣ сафар карданд

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон аз сафари футболбозони ҷавони то 18-сола ба Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.

Бар хабари  манбаъ, дар бозиҳои рафиқонае, ки рӯзҳои 26  ва 29 июли соли равон  баргузор мешаванд, сармураббии  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  Зайниддин Раҳимов бо худ 23 футболбоз, аз ҷумла 2 дарвозабон, 6 дифоъгар, 9 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагарро сафарбар намудааст.

Тими Тоҷикистон дар финал аз Кореяи Шимолӣ шикаст хӯрд - видео

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои дӯстона бо  дастаи мунтахаби  ҷавонони Арабистони Саудӣ як марҳилаи омодагии  дастаи мунтахаби ҷавонони  Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Қаҳрамонии  Осиё-2020, ки аз 2  то 6  октябри соли равон  дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ба шумор меравад.

Бозии ҳалкунанда: Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ имрӯз вориди майдон мешаванд

Рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони  Тоҷикистон  дар ин  мусобиқа дастаҳои миллии Сурия, Ливан ва Малдив мебошанд.

62
Барчаспҳо:
сафар, Арабистони Саудӣ, футбол, Варзишгарони тоҷик