Теннис, архивное фото

Тоҷикистон мизбони мусобиқаи байналмилалӣ мешавад

57
Мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис  барои дарёфти "Ҷоми раисҷумҳури Тоҷикистон"cоли даҳум  аст, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Аз 23 то 27 августи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис  барои дарёфти "Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор мегардад, хабар медиҳад сомонаи "Варзиш".

Бар хабари манбаъ, дар мусобиқаи мазкур ҷавонони то 17-сола метавонанд иштирок намоянд. 

Абдуллозода мардуми кишварро бо Рӯзи варзишгарон шодбош гуфт

Гуфта мешавад, айни замон иштироки варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Покистон ва  Россия муайян гардидааст.

То ҳафтаи оянда варзишгарони дигар давлатҳо низ барои иштирок дар мусобиқа метавонанд муроҷиат намоянд.

Мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис  барои дарёфти "Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" соли даҳум  аст, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Тенисбозони тоҷик қаҳрамони мусобиқаи байнулмилалии навҷавонон шуданд

Зимнан зикр мегардад, ки мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис  4 рӯз идома меёбад.

Дар ҷамъбаст барои ғолибони ҷои аввал 10 ҳазор  сомонӣ, ҷои дуюм 8 ҳазор  сомонӣ ва ҷои сеюм 5 ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.

57
Барчаспҳо:
варзиш, мусобиқа, Тоҷикистон
Волейбол, архивное фото

Дар Тоҷикистон Лигаи ҳандбол таъсис дода шуд

61
(Таҷдидшуда 18:36 13.08.2020)
Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон кӯшиш дорад бозиҳо дар сатҳи баланди касбӣ баргузор шаванд ва аз ҳисоби чеҳраҳои нав дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ташкил намояд

ДУШНБЕ, 13 авг — Sputnik. Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи варзиши мамлакат Лигаи ҳандбол таъсис дод, хабар медиҳад, дафтари матбуотии  Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, бозиҳои Лигаи ҳандболи Тоҷикистон миёни ҷавонон доир мегарданд ва дар он дастаҳои "Душанбе", "Марко Поло", "Сарез", "Скиф", "Сокол", "Ҳисор" ва ғайра иштирок мекунанд.

 Бозиҳои мазкур дар ду марҳила баргузор мегарданд ва дастаи  холи бештар гирифта, ғолиб мешавад. Марҳилаи аввали Лигаи ҳандболи Тоҷикистон аз 17 то 28 август доир мешавад.

"29-31 август Федератсияи ҳандболи Осиё барои доварони Тоҷикистон тариқи онлайн курси омӯзишӣ мегузаронад. Доварони мо, ки бозиҳои марҳилаи аввали Лигаи ҳандболро ҳакамӣ мекунанд, имкон доранд дар курси омӯзишӣ иштирок ва донишҳои худро афзун намоянд. Сипас, доварон донишу таҷрибаи андӯхтаашонро дар марҳилаи дуюм амалӣ мекунанд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон кӯшиш дорад бозиҳо дар сатҳи баланди касбӣ баргузор шаванд ва аз ҳисоби чеҳраҳои нав дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ташкил намояд.

 

 

 

 

 

61
Национальная сборная Таджикистана провела заключительную тренировку в Куала-Лумпуре

Мунтахаби футболи Тоҷикистон бе ягон бозии расмӣ мавсими 2020-ро ҷамъбаст мекунад

133
(Таҷдидшуда 12:58 13.08.2020)
Мавсими футбол барои мунтахаби миллии Тоҷикистон барои имсол хотима ёфта, кулли бозиҳояш ба соли оянда гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё ба қароре омаданд, ки бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022, Ҷоми Осиё-202 ба соли оянда гузошта шавад.

Ба поияи ин тасмим, бозиҳое, ки  баргузорияшон моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда буданд, ба соли 2021 гузаронида мешаванд.

Яккачини Тоҷикистон ҳамин тавр дар соли ҷорӣ ягон бозии расмӣ доир намекунад, аммо аз рӯйи нақша бозиҳои дӯстонаашро доир мекунад.

Манбаъ мегӯяд, тасмими мазкур дар пайи паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва бехатарии ҳамаи иштирокчиён, FIFA ва AFC минбаъд низ корро барои назорати дақиқи вазъ дар минтақа ва муайян кардани санаҳои нави мувофиқ барои бозиҳои интихобӣ,  идома медиҳанд.

Маълумоти бештар дар бораи санаҳои нави баргузории бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон- 2022 ва Ҷоми Осиё-2023 ба зудӣ эълон хоҳад шуд.

ФИФА ба Федератсияи футболи Тоҷикистон 1,5 миллион доллар медиҳад

Ёдовар мешавем яккачини Тоҷикистон мебоист моҳҳои октябр ва ноябр бо тимҳои миллии Муғулистон, Ҷопон ва Мянма дар доираи мусобиқоти интихобӣ барои Ҷоми ҷаҳон-2022 рақобат кунад.

133
Барчаспҳо:
Ҷоми АФК, ФИФА, ФФТ, футбол, мунтахаби Тоҷикистон, Тоҷикистон
Тотальный диктант в Душанбе

Хобгоҳҳо каму иҷорахонаҳо қимат: шикваи донишҷӯёни тоҷик аз гаронии нарх

107
То оғози таҳсил дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳои Тоҷикистон, камтар аз 4 рӯзи дигар боқӣ мондааст, аммо мушкили камбуди хобгоҳ ва гароншавии арзиши хонаҳои иҷоравӣ бисёре аз донишҷӯёнро ба тавшвиш овардааст

ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик мегуянд, ба фарқ аз соли гузашта дарёфти хонаҳои иҷроравӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд душвортар шудааст.

Иқбол Раҳимов шуморе аз донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе мегуяд, қимати хонаҳои иҷоравӣ аз ҳар вақт дида ҳоло баланд шудааст.

"Ба 1000 сомонӣ ҳам ёфтани хонаи иҷоравӣ дар шаҳри Душанбе қариб ки номумкин шудааст. Соли гузашта мо бо ин қиммат хона иҷора гирифта будем, аммо имсол соҳибхона бо ин нарх хонаро ба иҷора намедиҳад", - гуфт Раҳимов.

Донишҷӯёни Хуҷанд низ аз мушкили дарёфти хонаҳои иҷоравӣ таъкид меварзанд.

Санҷар Шаропов, аз ҷумлаи донишҷӯёнест, ки баъди хатми таҳсили Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд азм дорад, имсол барои гирифтани маълумотии олии тахассусаш ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил намояд, аммо гарон шудани қиммати хонаҳои иҷоравӣ ӯро дар ташвиш гузоштааст.

"Дар соли қаблӣ мо 4 нафар донишҷӯён бар ивази 600 сомонӣ дар як хонаи як ҳуҷрагӣ иқомат мекардем. Ҳоло бо ин нарх пайдо кардани хонаи иҷоравӣ душвор аст. Нархи хонаҳо то ба 800 -1000 сомонӣ баланд шудааст", - гуфт донишҷӯ.

Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд, чаҳор муассисаи таҳсилоти олӣ аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехкиникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ фаъолият мекунанд ва дар онҳо бештар аз 30 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад.

Бемории 7 донишҷӯи тоҷик бо таби баланд дар Вуҳан маълум шуд: шарҳи сафорат

Аммо ин донишгоҳҳо дар мувозинати худ ҳамагӣ як ва ё дутоӣ хобгоҳ барои донишҷӯён доранд. Дар ин миён танҳо ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар мувозинаи худ чаҳор хобгоҳ дорад, ки дар онҳо кам ё беш аз 2500 ҳазор донишҷӯ, умдатан онҳое, ки тибқи Квотаи президентӣ дохил шудаанд таъмин мешаванд, аммо беш аз 20 ҳазор донишҷӯи дигари ин донишгоҳ аз ҳисоби худ хонаи иҷорави мегиранд.

Дар ҳоли ҳозир донишгоҳҳои кишвар имкони бо хобгоҳ таъмин кардани шумори қобили мулоҳизаи донишҷӯёнро надоранд ва дарёфти хонаҳои иҷоравӣ барои донишҷӯён мушкили аслӣ боқӣ мемонад.

107