Пирӯзии Кристина Пронженко, варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқа ба хотири  мураббии хизматнишондодаи Узбакистон Г. Орзуманов

Чор медали варзишгарони тоҷик дар сабқат ба хотири мураббии шинохтаи Узбакистон

67
(Таҷдидшуда 12:12 26.08.2019)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз пирӯзии варзишгарони кишвар дар мусобиқаи байналмилалӣ барои поси хотири мураббии хизматнишондодаи Узбакистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллӣ, варзишгарони тоҷик дар 2-юмин мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи варзиши сабук ба хотираи мураббии хизматнишондодаи Узбекистон Г. Орзуманов 4 медал ба даст оварданд.

“Мусобиқа 24-25 август дар шаҳри Тошканд доир гашт. Дар қувваозмоиҳо дар баробари дастаҳои минтақаҳои Узбекистон, варзишгарон аз кишварҳои Арабистони Саудӣ, Малайзия ва Тоҷикистон иштирок карданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар ширкат намуда, ба гирифтани 4 медал – 2 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ  даст ёфт.

Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 1:00.07 дақиқа, Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр - 1:53.68 дақиқа медали тилло ба даст оварданд. Абдурауф Мусоев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 59.79 метр сазовори  медали нуқра, Ҳусниддин Зарифов дар ҷаҳиш ба баландӣ бо натиҷаи 2.05 метр сазовори медали биринҷӣ гардидаанд.

67
Барчаспҳо:
медал, пирӯз, давандаҳо, мусобиқа, Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Тоҷикистон
Национальная сборная Таджикистана провела заключительную тренировку в Куала-Лумпуре

Мунтахаби футболи Тоҷикистон бе ягон бозии расмӣ мавсими 2021-ро ҷамъбаст мекунад

60
Мавсими футбол барои мунтахаби миллии Тоҷикистон барои имсол хотима ёфта, кулли бозиҳояш ба соли оянда гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё ба қароре омаданд, ки бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022, Ҷоми Осиё-202 ба соли оянда гузошта шавад.

Ба поияи ин тасмим, бозиҳое, ки  баргузорияшон моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда буданд, ба соли 2021 гузаронида мешаванд.

Яккачини Тоҷикистон ҳамин тавр дар соли ҷорӣ ягон бозии расмӣ доир намекунад, аммо аз рӯйи нақша бозиҳои дӯстонаашро доир мекунад.

Манбаъ мегӯяд, тасмими мазкур дар пайи паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва бехатарии ҳамаи иштирокчиён, FIFA ва AFC минбаъд низ корро барои назорати дақиқи вазъ дар минтақа ва муайян кардани санаҳои нави мувофиқ барои бозиҳои интихобӣ,  идома медиҳанд.

Маълумоти бештар дар бораи санаҳои нави баргузории бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон- 2022 ва Ҷоми Осиё-2023 ба зудӣ эълон хоҳад шуд.

ФИФА ба Федератсияи футболи Тоҷикистон 1,5 миллион доллар медиҳад

Ёдовар мешавем яккачини Тоҷикистон мебоист моҳҳои октябр ва ноябр бо тимҳои миллии Муғулистон, Ҷопон ва Мянма дар доираи мусобиқоти интихобӣ барои Ҷоми ҷаҳон-2022 рақобат кунад.

60
Барчаспҳо:
Ҷоми АФК, ФИФА, ФФТ, футбол, мунтахаби Тоҷикистон, Тоҷикистон
Зал со зрителями на Fight Nights Global Global 71, архивное фото

Размикори ММА бо усули ғайримаъмулӣ рақибашро аз пой зад - видео

663
(Таҷдидшуда 14:53 09.08.2020)
Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт. Пас аз чандин зарбаи сангин бар пой, варзишкори амрикоӣ натавонист рақобатро идома диҳад

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Варзишкори муҳорибаҳои омехта Чарли Кэмпбелл аз ИМА, дар мусобиқаи Bellator 243 бо усули ғайримаъмулӣ бар варзишкори ҳамшаҳрияш Найндоа Данг пирӯз шуд.

Навори лаҳзаи нокаeт дар саҳифаи баргузоркунандагони рақобат дар Twitter нашр шудааст.

Ин рақобат дар бахши дуюм хотима ёфт.

Муин Ғафуров: ба ҷои UFC, размикор метавонад ба Ҷопон биравад

Кэмпбелл бар пойи рақибаш пай дар пай шалллоқҳои сангин равон мекард. Дар натиҷа Данг тавони идомаи рақобатро аз даст дод.

Рефери дар ин росто, рақобатро бо хулосаи нокаути техникӣ хотима бахшид.

Дана Уайт 4 размикори беҳтарини UFC - ро ном бурд: миёнашон як зан - Ҳабиб нест

Ин пирӯзии дуввуми Чарли Кэмпбелл дар фаъолияти варзишиаш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ як маротиба мағлуб шудааст.

663
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, нокаут, варзишкор, размикор

Муҳоҷиронро дигар ба марзи Қазоқистон намемонанд: полиси Самара роҳро назорат мекунад

0
Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар сарҳади Русия ҷамъ омада буданд, берун карда шуданд, аммо мақомоти минтақа барои пешгирии такрори ин ҳолат чораҳо меандешанд

 

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Дар маҷмӯъ, то 7 август беш аз ду ҳазор шаҳрванди Узбакистон ва инчунин тақрибан сад шаҳрванди Тоҷикистон аз марзи Русия ва аз вилояти Самара хориҷ карда шуданд.

Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара Олга Галтсова хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, бурдани шаҳрвандони хориҷӣ бар асоси марҳилаҳо сурат гирифта, мувофиқи омадани онҳо ба сарҳади Русия амалӣ карда шуд.

Номбурда гуфт, барои онҳое, ки меомаданд, лагери хаймаҳо бо тамоми шароити зарурӣ ташкил карда шуда буд.

Ба гуфти ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҳавопаймо рӯзи 28 июл аз Қазон интиқол доданд ва охирин гурӯҳи муҳоҷирони ӯзбекро 7 август ба кишварашон сафарбар кардаанд.

Аммо эҳтимолияти он, ки муҳоҷирон ба доми қаллобон афтода, дубора ба сарҳади Русия биёянд, боқӣ мемонад, афзудааст Олга Галтсова.

Қиссаи бедаракшавии муҳоҷири тоҷик: аз латукӯб то гум шудани хотира-видео

"Бо мақсади пешгирии ҷамъшавии минбаъдаи шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ноҳияи Болшечерниговски вилояти Самара ва инчунин ҷилавгирӣ аз кӯшиши воридшавии онҳо ба қаламрави вилояти Оренбург, постгоҳи назоратӣ таъсис дода шуд", гуфтааст манбаъ.

0
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, муҳоҷирон, марз, Самара, Русия