Бо шикаст оғоз карду бо медали тилло баргашт: 9 медали Тоҷикистон аз чемпионати ҷаҳон

Обуна шудан
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи таэквондо дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон, собиқадорон ва ҷавонон 9 медал, аз ҷумла 2 медали тилло ба даст овард

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 21-умин Чемпионати ҷаҳон дар риштаи таэквондо (ITF) миёни калонсолон, собиқадорон ва ҷавонон аз 24 то 30 август дар шаҳри Пловдиви Булғория баргузор шуд.

Хабиб Нурмагомедов рассказал о разговоре с президентом РФ Владимиром Путиным - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабиб Нурмуҳаммадов: ният надорам, ки то 40 - солагӣ дар рӯйи октагон монам

Манбаъ афзуд, дар чемпионат 1421 варзишгар аз 75 давлат иштирок доштанд. Аз ҷумла аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 29 нафар миёни калонсолон ва ҷавонон иштирок карда, ба гирифтани 9 медал – 2 тилло, 3 нуқра, 4 биринҷӣ мушарраф шуданд.

Ба иттилои Кумита, медалҳои тиллоро Муҳсинҷон Муллоҷонов ва Сиёвуш Иброҳимов ба даст оварданд. Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки Муҳсинҷон дар вазни -52кг миёни мардон дар даври гурӯҳӣ нахуст аз варзишгари Ҷопон шикаст хӯрд, баъдан бар намояндагони Юнон ва Канада пирӯз гардида, дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол намуд. Ӯ сипас дар нимфинал бар варзишгари Узбакистон ва дар финал бар варзишгари Кореяи Шимолӣ ғалаба кард.

Улуғбек Каримов, дабири кулли “CAFA” - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

Сиёвуш Иброҳимов дар вазни -71кг миёни мардон дар даври гурӯҳӣ бар варзишгарони Украина ва Камбоҷа, дар чорякфинал бар намояндаи Молдова, дар нимфинал бар варзишгари Юнон ва дар финал бар варзишгари мизбон – Булғория ғолиб омад.

Медалҳои нуқраро аз рӯи барномаи “Дифоъ аз худ” – “Self Defense” сегонаи Сабина Тюраева, Алишер Ахмедов, Муҳаммад Давлатшоев миёни калонсолон, аз рӯи барномаи “Rear” Оятулло Асадуллозода миёни ҷавонони 16-17-сола ва Мансур Шодмонов дар вазни -45кг миёни ҷавонони 14-15-сола сазовор гаштанд.

Кумита афзуд, Алишер Ахмедов дар вазни -58кг миёни мардон, Муъминҷон Нуров дар вазни -50кг миёни ҷавонони 14-15-сола, Сино Иброҳимов дар вазни -51кг ва Муфара Ҳалимова дар вазни -52кг миёни ҷавонони 16-17-сола ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0