Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикор, акс аз бойгонӣ

Майда-чӯйда не: Падари Ҳабиб маблағи ҳаққи писараш аз рақобат бо Пуареро гуфт

3135
(Таҷдидшуда 15:15 05.09.2019)
Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикори шинохтаи доғистонӣ, ки аз сабқат бо Конор Макгрегор 2 миллион доллар ба даст овард, дар қувваозмоӣ бо Дастин Пуаре ҳудуди 3,5 баробар бештар маблағ хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Абдуманап Нурмуҳаммедов, падар ва муррабии Ҳабиб маблағи ҳаққи писараш аз рақобат бо Дастин Пуаре, варзишкори амрикоиро гуфт, навиштааст “Спорт-Экспресс”.

“Гонорари Ҳабиб дар рақобат бо Пуаре аз пули гирифтааш дар сабқат бо Макгрегор ҳудуди 3-3,5 баробар бештар мебошад. Мо барои майда-чуйда ба майдон намебароем, қимати худро медонем. Ду миллионе, ки аз сабқат бо Конор гирифтем – ин барои мо кам аст. Зеро мо феълан беҳтаринем. Беҳтаринҳоро задему омодаем дар оянда низ бо беҳтаринҳо қувваозмоӣ кунем”, - изҳор доштааст Нурмуҳаммедови калонӣ.

Нурмуҳаммадов гуфт Макгрегор бояд пушти панҷара равад

Ӯ таъкид намудааст, ки феълан писараш машҳур асту ин рӯзи рақобат бо Пуаре аз истиқболи мухлисон низ маълум хоҳад шуд.

Муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC  дар вазни сабук ва варзишкори амрикоӣ Дастин Пуаре дар шаҳри Абу-Дабӣ барузор мешавад. Нурмуҳаммедов мегӯяд, ҳатман рақиби худро мағлуб намуда, камарбанди қаҳрамонияшро дифоъ мекунад.

Зимнан аксари варзишкорони ботаҷриба бар ин боваранд, ки Дастин Пуаре бо Нурмуҳаммадов рақобат карда наметавонад. Ба андешаи онҳо, Пуаре  малакаи зарбарасонии  хуб дорад, аммо дар рӯбарӯ бо Ҳабиб , бисёре аз варзишгарон  онҳоро аз даст медиҳанд.

Аз Нурмуҳаммадов то Бузова: даромади ситораҳои ҷавони Русия чанд аст

Бояд қайд намуд, ки Нурмуҳаммадов охирин муҳорибаро октябри соли гузашта бо варзишкори ирландӣ Конор Макгрегер анҷом дода, унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабукро ҳифз намуда буд.

3135
Барчаспҳо:
қувваозмоӣ, сабқат, варзиш, Русия
Команда Истиклол

Марҳилаи аввали лигаи олӣ бо пирӯзии “Истиқлол” анҷом ёфт

65
Марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бо пирӯзии клуби "Истиқлол"-и Душанбе анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи аввал рӯзҳои истироҳати гузашта баргузор шуданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 11 июл "Регар-ТадАЗ" дар майдони худ бо тими "Хатлон" бозиро мусовӣ 1:1анҷом дод.

Нимҳимоятгари "Хатлон" Эҳсон Бобоев дар дақиқаи 83-юм ҳисобро кушод, вале бохтариҳо натавонистанд бо пирӯзӣ бозиро анҷом диҳанд. Қабл аз садои ҳуштаки довар футболбозони Турсунзода тавассути голи Нозим Бобоҷонов тавонистанд аз бохт наҷот ёбанд.

Дастаи "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ бар тими "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ин аввалин бозии дастаи ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳнамоии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев буд.

Баҳси бозии "Истиқлол"-у "Хуҷанд" ва муроҷиат ба Рустам: доварон обрӯи футболро мерезонанд

Ба голи задаи бозингари "Файзканд”"Наврӯз Рӯстамов, футболбозони "Куктош" бо се голи Бунёд Шодиев, Аббос Икромов ва Муҳсин Абдуғаффоров ҷавоб доданд.

Дар бозии дигар КМВА дар сафар тими "Истаравшан"-ро мағлуб намуд – 2:1. Ҳар ду голи тими артишро Шервонӣ Мабатшоев зад. Дар ҳайати дастаи Истаравшан Илҳом Баротов голро ба номаш сабт кард.
Ду бозии дигари даври нуҳум рӯзи 12 июл доир гардид. "Хуҷанд" бар дастаи "Душанбе-83" ва "Истиқлол" бар тими "Локомотив-Помир" бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғалаба карданд.

Бидуни бохт: “Истиқлол” “Хуҷанд”-ро дар даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон шикаст дод

Голи дастаи Хуҷандро Фирдавс Чақалов ва голи тими Душанберо Рустам Соиров ба номашон сабт карданд.
Ҳамин тариқ, марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон ба анҷом расид. Дастаҳо ба танаффуси дуҳафтаина рафтанд ва имкон доранд бозингарони навро ҷалб намоянд.

Дар ҷадвали чемпионат "Истиқлол" бо 25 хол пешсафи ягона аст. Дар ҷои дуюм "Хуҷанд" бо 19 хол, дар ҷои сеюм "Хатлон" бо 18 хол мавқеъ гирифтаанд.

65
Барчаспҳо:
пирӯз, "Истиқлол", футбол
Хаким Фузайлов. Архивное фото

Ҳаким Фузайлов сармураббии нави "Хуҷанд" таъйин шуд

161
(Таҷдидшуда 10:31 13.07.2020)
Ҳаким Фузайлов, собиқ футбобози машҳур ва мураббии шинохтаи кишвар, сармураббии тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии бошгоҳ, Ҳаким Фузайлов, собиқ сармураббии тими миллии Тоҷикистон  то охири мавсим “Хуҷанд”-ро тамрин хоҳад дод.

Ба иттилои манбаъ, Никол Лазаревич, ки дар аввали сол сармураббии даста таъйин шуда буд, бинобар бастани сарҳадҳои байни кишварҳо бар асари пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ба даста кӯмак карда наметавонад.

Манбаъ мегӯяд, Ҳоло Лазаревич дар зодгоҳаш Сербия қарор дорад.

“Мо маҷбур шудем, ки бо сабаби вазъияти ҷаҳонӣ ва алахусус дар тим баамаломада, сари мизи гуфтушунид нишинем. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои пурсамар бо ҳайати мураббиёни кунунӣ ва роҳбарияти клуб, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки даста сармураббии ниёз дорад. Мутаассифона, Никола Лазаревич дар Сербистон аст ва имкони ҳамроҳ шудан ба дастаро бо сабабҳои, ба ҳама маълум, надорад. Мо бо Ҳаким Каюмович ба мувофиқа расидем, ки ӯ дастаро ба мусобиқаҳои дар пешистодаи ватанӣ ва байналмилалӣ омода мекунад ва мӯҳлати шартнома то охири сол эътибор дорад”-гуфт Муроҷон Умаров, директори иҷроияи Хуҷанд.

Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи “Бухоро” ва “Динамо”-и Самарқанд оғоз кардааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар “Ростов” ва “Локомотив”-и Маскав мураббии селексионер буд.

Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти “Локомотив”  Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин карда шуд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.

Ӯ ҳамчунин тими миллииТоҷикистон, дасҳои “Истиқлол”, “Куктош” –ро тамрин дода ахиран  аввали моҳи июл ӯ вазифаи сармураббии бошгоҳт “Каганат”-и Қирғизистонро тарк кард.

161
Соль

Намакоб аз сирояти коронавирус нигоҳ медорад?

0
(Таҷдидшуда 16:49 14.07.2020)
Пажӯҳишгарон дар мутолиоти худ дарёфтанд, истифода аз маҳлули намакоб аз сирояти вируси корона пешгирӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Натоиҷи пажӯҳиши олимон бар рӯйи вируси корона нишон дод, ки ин вирус фақат монанд Сорс 2002 дар шуш таксир мешавад, иттилоъ додааст радиои бурунмарзии Садои Хуросон. 

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин таҳқиқ зикр шуда, ки вируси корона пас аз вуруд ба бадани инсон як ҳафта дар маҷрои гулӯ мемонд ва дар онҷо шурӯъ ба таксир мекунад.

Муҳаққиқон эълом карданд, ки афрод метавонанд фақат бо ғарғара кардан рӯзона чанд мартаба бо маҳлули об ва намак муҳити гулӯи худро   номуносиб барои таксири вируси корона кунанд.

Бо ин кори содда барои таксири корона дигар фурсате  дода намешавад. 

Ин пажӯҳишгарон ҳамчунин ба ин натиҷа расиданд, ки агар арфрод чанд мартаба дар рӯз , шаб қабл аз хоб ва субҳ баъд аз бедор шудан бо маҳлули об ва намак ғур-ғура кунанд ин вирус дигар таксир нахоҳад шуд.

0
Барчаспҳо:
сироят, вирус, об, нону намак, истифода, Олимон