Боец смешанного стиля Хабиб Нурмагомедов

Ҳабиб Пуареро оғуш гирифт: вохӯрии варзишкорон дар Абу - Дабӣ - навор

1560
(Таҷдидшуда 18:19 05.09.2019)
Ин ду варзишкори муваффақ барои камарбанди қаҳрамонӣ рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта вориди майдон мешаванд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар шаҳри Абу - Дабии Аморати Мутаҳидаи Араб, Ҳабиб Нурмуҳаммедов қаҳрамони UFC дар вазни сабук бо рақиби амрикоияш Дастин Пуаре вохӯрии рӯбарӯ гузаронд.

Навори вохӯрии ин ду варзишкори муваффақро сомонаи хабарии MMA Junkie дар сафҳаи Twitter нашр намудаст.

Ин чорабинӣ имрӯз дар доираи мусобиқаи бузурги UFC 242, ки дар пеш аст, баргузор шуд.

Вохӯрии ду қаҳрамон хеле ором, бе таҳдиду дағалгӯйӣ баргузор ва ҷамъбаст шуд. Ҳабиб аввал дасти рақибашро фишурд ва сипас ба оғуш кашид.

Нурмуҳаммадов гуфт чӣ тавр Пуареро мағлуб мекунад

Барои қаҳрамони рус Ҳабиб Нурмуҳаммедов ин дуюмин рақобат хоҳад буд, ки камарбанди қаҳрамонияшро дифоъ мекунад.

Нурмуҳаммедов мегӯяд, ҳатман рақиби худро мағлуб намуда, камарбанди қаҳрамонияшро ҳимоя  мекунад.

Бояд қайд намуд, ки Нурмуҳаммедов охирин муҳорибаро октябри соли гузашта бо варзишкори ирландӣ Конор Макгрегер анҷом дода, унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабукро ҳифз намуда буд. 

1560
Барчаспҳо:
варзиш, сабқат, қувваозмоӣ, Русия
Таджикские мастера готовят подарок к зимней Олимпиаде в Пекине

Туҳфаи устоҳои тоҷик барои Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин

33
Ҷамшед Ҷӯраев ва Насим Негматов ду устои бомаҳорати тоҷик мебошанд, ки шӯҳрати наққошкориҳои онҳо берун аз Тоҷикистон ҳам паҳн шудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ҷамшед Ҷӯраев ва Насим Негматов ду устои машҳури тоҷик мебошанд, ки амалҳои ҷолиби наққошии онҳо иншоотҳои фарҳангӣ ва маконҳои дӯстдоштании кишварро оро медиҳанд. Ифтихори котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай – толори рамзи қароргоҳи СҲШ – тариқи ҳамин ҳунар оро ёфтааст. 

Ҳамчунин, ороиши павилони СҲШ дар доираи Намоишгоҳи ҷаҳонии санъати боғдорӣ соли 2019 дар Пекин ба Ҷамшед ва Насим супорида шуда буд. Павилони СҲШ миёни меҳмонони намоишгоҳ машҳур шуд, хусусан ҳунари рассомон баҳои баланд гирифт.

Арчаи миллӣ бо розигии Президент: дастур барои насб пеши идораю хонаҳо - аксҳо

Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки устоҳои тоҷик омодагиро ба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, ки аз 4 то 20 феврали соли 2022 дар Пекин баргузор мешаванд, шуруъ карданд. Тилисми ин чорабинии бузурги варзишӣ – панда бо номи Бин-Дундун интихоб шудааст.

Зимнан, рассомони тоҷик тасмим гирифтаанд якчанд лавҳаро бо наққошии панда – ҳайвони дӯстдори миллионҳо нафар дар ҷаҳон – омода кунанд.

Дар доираи Бозиҳои олимпӣ, онҳо инчунин умед доранд, ки намоишгоҳ ташкил мекунанд ва ҳунарашонро ба пекиниҳо ва меҳмонони пойтахти Чин ошно менамоянд.

33
Барчаспҳо:
тоҷик, усто, туҳфа, Бозиҳои олимпӣ
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард.

"Мессии тоҷик": Парвизҷон Умарбоев бо тимаш Суперҷоми Булғористонро соҳиб шуд

224
(Таҷдидшуда 11:15 04.08.2020)
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар дастаи “Локомотив” (Пловдив) бозӣ мекунад, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозӣ барои Суперҷом “Локомотив” (Пловдив) қаҳрамони Булғористон “Лудогоертс”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ба иттилои манбаъ, умарбоев дар ҳайати “Локомотив” 90 дақиқа ҳунарнамоӣ кард.

Гуфта мешавад, ин сеюмин дастовардест, ки Парвизҷон Умарбоев дар ҳайати “Локомотив”-и Пловдив соҳиб шудааст.

Қабл аз ин футболбози тоҷик ду маротиба ҳамроҳ бо тимаш Ҷоми Булғористонро ба даст овардааст.

Дар ҳайати “Локомотив” Умарбоев имсол дар даври муқаддамотии Лигаи Аврупо-2020/2021 бозӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем Парвизҷон Умарбоев сар аз соли 2016 дар ҳайати  “Локомотив” ҳунарнамоӣ карда, давоми ҷаҳор соли фаъолияташ дар беш аз 100 бозӣ ширкат кардааст.

Парвизҷон Умарбоев аз бозигарони шинохтаи кишвар буда миёни ҳаводоронаш бо "Мессии тоҷик" шинохта шудааст.

 

224