Мусобиқаи кураш, акс аз бойгонӣ

Медали Назаров дар чемпионати ҷаҳон дар риштаи кураш

82
(Таҷдидшуда 15:18 06.09.2019)
Ҳақназар Назаров, варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон дар риштаи кураш сазовори медали биринҷӣ шуд

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, XII Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш миёни калонсолон 2-4 сентябр дар шаҳри Чунгҷуи ҷумҳурии Корея, дар доираи Ҷашнвораи байналмилалии ҳунарҳои размӣ баргузор шуд.

Манбаъ афзуд, дар қувваозмоиҳо варзишгарон аз 50 давлати дунё иштирок карданд ва Тоҷикистонро дар он Ҳақназар Назаров намояндагӣ мекард.

Бар асоси иттилоия, Назаров дар вазни -81 кило ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф шуд. Дар ин вазн Сарвар Шомуродов аз Узбакистон ғолиб гардид. Медали нуқраро варзишгари Эрон Илёс Алӣ Акбарӣ, медали дигари биринҷиро Чун-Та Ҳуанг аз Тайпейи Чин ба даст оварданд.

Бозии ҷаҳонии қабилаҳо: дастаи Мурғоб ва Анақулов, Абдулҳаев, Ҳасанов бо медал баргаштанд

Қаблан мусобиқаи байналмилалии кураш барои ҷоизаи раисиҷумуҳури Узбакистон дар Тошканд баргузор шуда буд, ки паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар он мақоми сеюм гирифта, соҳиби 10 ҳазор доллар шуд.

Дар Узбакистон 6 сентябр рӯзи Кураш, навъи миллии варзиш эълон шудааст.

82
Барчаспҳо:
биринҷӣ, медал, кураш, Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Тоҷикистон
Ребенок на тренировке, архивное фото

Ифтитоҳи 21 иншооти варзишӣ дар Суғд

28
(Таҷдидшуда 14:14 11.07.2020)
Мақомоти иҷроияи вилояти Суғд гузориш дод, ки расман дар қаламрави вилоят то ҳол 2 ҳазору 655 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудаанд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ба иттилои ҳукумати вилояти Суғд, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас давоми нимсолаи якуми соли 2020 дар вилоят 21 иншооти нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

“Аз ин шумора 5 адад толори варзишӣ буда, 16 адади дигар майдончаҳои варзишӣ мебошад. Иншооти зикршуда бо маблағгузории буҷети давлатӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкорон бунёд гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ зикр намудааст, ки мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2655 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудаанд.

“Аз ин 45 варзишгоҳ, 1833 майдончаи варзишӣ, 563 толори варзишӣ, 33 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ аст”, - тавзеҳ дод ҳукумати Суғд.

Таъкид гардид, ки дар вилоят ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии шароити муосид барои тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

28
Барчаспҳо:
Суғд, иншоот, варзиш, Тоҷикистон
Матч между душанбинским Истиклолом и Худжандом

Дархости Тоҷикистон барои баргузории бозиҳои гуруҳии Ҷоми Осиё-2020 дар Душанбе

142
Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали рақобатҳо марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020-ро дар минтақаи Осиёи Марказӣ нашр намуд.

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои федератсияи Футболи кишвар,  тақвими бозиҳо пас аз баррасиҳои зиёд аз ҷониби раҳбарияти Конфедератсияи футболи Осиё ва ҳайаташ гирифта шуд.

Тоҷикистон дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 шомили гуруҳи "D" мебошад.

Ба иттилои манбаъ, бозиҳои гурӯҳи "D" бо иштироки дастаҳои футболи  "Истиқлол"-и Тоҷикистон, "Алтин Асир"-и Туркманистон, "Дордой"-и  Қирғизистон ва "Хуҷанд"-и  Тоҷикистон аз 23  октябр то 4  ноябри соли равон, доир мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ҳар чор бозӣ  дар як кишвар доир мегардад, ки  то ҳануз дақиқи набуда, тасмими ниҳоӣ дар бораи макони баргузорӣ рӯзҳои наздик гирифта мешавад.

ФФТ мегӯяд, барои баргузории ин рақобатҳо дар Душанбе дархост ирсол кардаанд.

Ғолиби гурӯҳ дар нимфинали байниминтақавӣ, ки 24-25 ноябр пешбинӣ шудааст, бозӣ мекунад. Бозии финалии байниминтақавӣ 2 декабр ва рақобати ниҳоии Ҷоми AFC 12 декабр доир мешавад.

 

142
Пожилой мужчина в кепке

Шифо ёфтани пирамарди 109 сола дар Эрон аз коронавирус

0
Пирамарди 109 - сола, ки давоми як ҳафта дар шӯъбаи эҳёгарӣ дар ҳолати вазнин қарор дошт, ахиран шифо ёфт ва аз бемористон мураххас шуд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Дар Эрон пирамарди 109 солаи мубтало ба коронавирус тавонист бемориро шикаст диҳад ва беҳбуд ёбад, хабар медиҳад ИРНА.

Ба иттилои манбаъ, бемори 109 - сола ба муддати як ҳафта дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористони Гулистони шаҳри Кирмоншоҳ бистарӣ буд ва рӯзи ҷумъа пас аз беҳбудии комил аз бемористон ҷавоб шуд.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

То кунун даҳҳо бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон бо беш аз 90 сол син бо иродаи қавӣ тавонистаанд аз ин беморӣ беҳбуд ёбанд.  

Қайд мегардад, ки то рӯзи шанбе 11 июл шумори беморони коронавирус дар Эрон ба 255 ҳазору 117 нафар расида, ки 217 ҳазору 666 нафар аз онон беҳбуд ёфта  аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
сиҳатӣ, пирамард, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон