Ҷудо, акс аз бойгонӣ

Ҷудокори 20-солаи тоҷик қаҳрамони Русия шуд

90
(Таҷдидшуда 13:12 08.09.2019)
Мулораҷаб Халифаев , ҷудокори тоҷикистонӣ дар ҳайати мунтахаби вилояти Свердлов ҳунарнамоӣ мекунад, дар мусобиқаи қаҳрамонии Русия дар вазни то 66 кило пирӯз шуда, унвони қаҳрамону медали тилло гирифт

ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Мусобиқаи қаҳравонии Русия 6 сентябр  дар шаҳри Назрани ҷумҳурии Ингушистон баргузор шуда, Халифаев, паҳлавони 20-солаи тоҷикистонӣ, зодаи деҳаи Тагобаи ноҳияи Рашт дар он медали тиллоро ба даст овард.

Чанд хол намерасад? Паҳлавонҳои тоҷик дар раддабандии нави олимпӣ

Таъкид шудааст, ки дар мусобиқаи ниҳоӣ Халифаев бо паҳлавон аз ҷумҳурии Ингушистон майдондорӣ карда, дар даври асосӣ ғолиб маълум нашуд. Қувваозмоӣ дар пайи ба даст овардани холи тиллоӣ  бо пирӯзии паҳлавони тоҷик анҷом ёфт.

Баъди сабқат Халифаев изҳор дошт, ки гарчанде давоми сабқат китфаш сахт дард мекард, ӯ то охир тоқат намуду ба пирӯзӣ ноил шуд. Паҳлавони тоҷикистонӣ ба мураббияш изҳори миннатдорӣ кард.

Ин нахустин пирӯзии Мулораҷаб Халифев дар мусобиқаҳои калони Русия набуда, ӯ 25 майи соли ҷорӣ дар мусобиқаи ҳавзавӣ дар шаҳри Тюмен унвони қаҳрамон гирифта буд.

90
Ребенок на тренировке, архивное фото

Ифтитоҳи 21 иншооти варзишӣ дар Суғд

28
(Таҷдидшуда 14:14 11.07.2020)
Мақомоти иҷроияи вилояти Суғд гузориш дод, ки расман дар қаламрави вилоят то ҳол 2 ҳазору 655 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудаанд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ба иттилои ҳукумати вилояти Суғд, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас давоми нимсолаи якуми соли 2020 дар вилоят 21 иншооти нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

“Аз ин шумора 5 адад толори варзишӣ буда, 16 адади дигар майдончаҳои варзишӣ мебошад. Иншооти зикршуда бо маблағгузории буҷети давлатӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкорон бунёд гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ зикр намудааст, ки мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2655 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудаанд.

“Аз ин 45 варзишгоҳ, 1833 майдончаи варзишӣ, 563 толори варзишӣ, 33 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ аст”, - тавзеҳ дод ҳукумати Суғд.

Таъкид гардид, ки дар вилоят ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии шароити муосид барои тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

28
Барчаспҳо:
Суғд, иншоот, варзиш, Тоҷикистон
Матч между душанбинским Истиклолом и Худжандом

Дархости Тоҷикистон барои баргузории бозиҳои гуруҳии Ҷоми Осиё-2020 дар Душанбе

145
Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали рақобатҳо марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020-ро дар минтақаи Осиёи Марказӣ нашр намуд.

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои федератсияи Футболи кишвар,  тақвими бозиҳо пас аз баррасиҳои зиёд аз ҷониби раҳбарияти Конфедератсияи футболи Осиё ва ҳайаташ гирифта шуд.

Тоҷикистон дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 шомили гуруҳи "D" мебошад.

Ба иттилои манбаъ, бозиҳои гурӯҳи "D" бо иштироки дастаҳои футболи  "Истиқлол"-и Тоҷикистон, "Алтин Асир"-и Туркманистон, "Дордой"-и  Қирғизистон ва "Хуҷанд"-и  Тоҷикистон аз 23  октябр то 4  ноябри соли равон, доир мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ҳар чор бозӣ  дар як кишвар доир мегардад, ки  то ҳануз дақиқи набуда, тасмими ниҳоӣ дар бораи макони баргузорӣ рӯзҳои наздик гирифта мешавад.

ФФТ мегӯяд, барои баргузории ин рақобатҳо дар Душанбе дархост ирсол кардаанд.

Ғолиби гурӯҳ дар нимфинали байниминтақавӣ, ки 24-25 ноябр пешбинӣ шудааст, бозӣ мекунад. Бозии финалии байниминтақавӣ 2 декабр ва рақобати ниҳоии Ҷоми AFC 12 декабр доир мешавад.

 

145
Карантин

Вазъ мушкилтар шуд: коронавирус дар Ӯзбекистон дубора авҷ гирифт

0
(Таҷдидшуда 01:31 12.07.2020)
Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон аз афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар хабар додВазорати беҳдошти Ӯзбекистон аз афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон ахироан эълон доштааст, ки теъдоди мубталоён ба коронавирус ба 11 723 нафар расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Тибқи гузориши Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон, беҳбудёфтагон низ 7 287 нафар ва 52 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир 4 384 бемор бистарӣ ҳастанд, ки ҳоли 52 нафар аз онҳо вахим аст.

Дар ҳамин ҳол, идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон аз таътилии тамоми масоҷиди ин кишвар то аввали август хабар дод.

Идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон дар сайти худ афзуд, манӯият аз таърихи 10 июл сарфи назар аз ин, ки устон дар минтақаи "сабз" ва ё "қирмиз" қарор дорад, иҷроӣ мешавад.

Пештар комиссияи вижаи мубориза бо коронавирус тасмим гирифта буд, маҳдудиятҳои карантин дар ин кишварро дар бурҳаи замони ёдшуда ташдид кунад.

Гуфтанӣ аст, ниҳодҳои динии Ӯзбекистон 8 июни соли 2020 мелодӣ дар манотиқи "сабз"-и ин кишвар бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ-эпидемиологӣ (пӯшидани иҷбории ниқоб) ва ҳамчунин доштани фосилаи иҷтимоӣ муҷаддадан оғоз ба фаъолият карда буданд.

0
Барчаспҳо:
беҳдошт, афзоиш, вазъ, вирус, Ӯзбекистон