Баскетбольный мяч, архивное фото

Пирӯзии духтарони баскетболбози Бадахшон дар Қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ - акс

116
(Таҷдидшуда 20:13 10.09.2019)
Дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати 28-умин солгарди истиқлол Қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ оид ба баскетбол баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Варзишгарони дастаи баскетболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин сабқат мақоми аввалро касб карданд.

Бино ба гузориши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, дастаи бонувони баскетболбози ВМКБ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бар ҳамаи ҳарифони худ ғолиб баромада дар бозии ниҳоӣ бо варзишгарони дастаи вилояти Суғд рақобат намуда, сазовори ҷойи якум гардиданд.

Манбаъ афзуда, ки ин Қаҳрамонӣ ба 28-умин солгарди истиқлол бахшида шудааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш тими писарони волейболбози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ пирӯз гардида буд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран  бонувони ВМКБ дар мусобиқаи кушод дар риштаи волейболи касбӣ барои "Ҷоми пойтахт-2019” пирӯз гардида буданд.

Раиси шаҳри Хоруғ ба пешвози духтарони қаҳрамон баромад - акс

Дар даври ниҳоӣ ду даста — духтарони волейболбози ВМКБ ва шаҳри Душанбе-1 байни ҳам рақобат намуданд. Дастаи волейболбозони ВМКБ бо ҳисоби 3:1 дастаи Душанбе-1-ро мағлуб намуда, сазовори "Ҷоми пойтахт-2019" ва 20 ҳазор сомонӣ мукофот гардиданд.

116